ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

САРБОЗОНИ ТОҶИК БО ҲАВОПАЙМОИ АРТИШИ РУСИЯ ТАРКИ ҚАЗОҚИСТОН КАРДАНД

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи ҷумъа, 14 январ хабар дод, ки нирӯҳои  Тоҷикистону Арманистону Беларус аз ҳаъати нирӯҳои ҳомии сулҳи ОДКБ дар Қазоқистон бо ҳавопаймоҳои Ил-76- артиши Русия ба кишварҳояшон баргардонда шуданд ва танҳо баталйони Қирғизистон бо техникаи низомие, ки доранд, худашон мустақилона ба Қирғизистон бармегарданд.

“Ҳайъати шахсӣ ва техникаи воҳидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайъати нирӯҳои ҳомии сулҳи ОДКБ, ки вазифаи худ ҷиҳати ҳимоят аз иншооти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳимро дар Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом доданд,  тавассути ҳавопаймои ҳарбию нақлиётии нирӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия аз фурудгоҳи АлмаАто ба хона баргаштанд “, – нақли қавл кардааст хабаргузории Интерфакс  аз иттилоияи расмии вазорати мудофиаи Русия.

Рӯзи 13 январ  президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев шахсан ба роҳбарони кишварҳои узви ОДКБ занг зада, ба онҳо барои ирсоли нирӯҳояшон ба Қазоқистон изҳори ташаккур кард. Тоқаев аз ҷумла ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро хабар дод, ки ҳарбиёни тоҷик алакай рӯзи 14 январ аз Қазоқистон ба ватан баргардонда мешаванд.

Тоҷикистон, бино ба иттилои дарёфтӣ, ба Қазоқистон 210 сарбозу афсар фиристод. Онҳоро рӯзи 7 январ аз фурудгоҳи Айнӣ дар канори шаҳри Ҳисор низ бо ҳавопаймоҳои ҳарбии артиши Русия ба Қазоқистон интиқол дода буданд.

Муовини аввали срадори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-майор Миравар Хушбахт Миршакар  ахиран хабар дод, ки беш аз 100 нафар аз сарбози тоҷики ба Қазоқистон фиристодашуда ба посбонии Маркази гармидиҳии №1 (ТЭЦ-1) шаҳри АлмаАто кумак мекунанд.

Ёдовар мешавем, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев рӯзи 5 январ, дар пайи эътирозҳои густарда дар кишвараш ин ҳодисаҳоро “ҳамла аз берун” ва кори дасти “дастаҳои террористон” номида, аз созмони ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Алакай рӯзҳои 6-7 январ  кишварҳои узви ОДКБ ба Қазоқистон ҳудуди 4 ҳазор аскар фиристоданд.

Вале мақомоти Қазоқистон то кунун ягон далели “ҳамлаи хориҷӣ” ба ин кишвар ва даст доштани “террористон” дар эътирозҳои ахирро пешкаш карда натавонистаанд.

Тоқаев рӯзи 11 январ изҳор дошт, ки маъмурияти нирӯҳои ОДКБ дар Қазоқистон ба анҷом расид ва аз 13 январ хуруҷи онҳо шурӯъ мешавад , ки ягон 10 рӯзро дар бар хоҳад гирифт. Мақомоти ҳарбии Русия мегӯянд, ки хуруҷи нирӯҳо шояд алакай то 19 январ анҷом дода шавад. Вале мухолифини қазоқ дар ташвишанд, ки як қисми нирӯҳои Русия шояд дар Қазоқистон барои доим боқӣ бимонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button