ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

РОҲБАРОНИ КУМИТАИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҚАЗОҚИСТОН БА КӮШИШИ ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ АЙБДОР МЕШАВАНД

Дар пайи раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов ду муовини ӯро низ ба ҳабс гирифтаанд. Хадамоти матбуоти Кумитаи амнияти миллӣ  хабар дод, ки Масимов ва муовинҳояш ба кӯшиши ғасби ҳукумат низ айбдор мешаванд.

“Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон тафтиши тододгоҳии қазияи хиёнат ба давлат аз ҷониби раиси собиқи Кумитаи К.К. Масимовро идома дода истодааст. Дар чорчӯби ин парванда тафтиши тододгоҳии амалҳо бо маусади бо зӯрӣ ба даст овардани ҳукумат ва берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ низ оғоз карда шудаанд. Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноятҳо, ба ғайр аз К.Масимов,  муовини собиқи раиси Кумитаи амнияти миллӣ – сардори хадамоти таъйиноти махсус «А» А.Садиқулов ва муовини раиси Кумита Д.Ергожин низ боздошт карда шуданд. Тафтиш идома дорад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Ёдовар мешавем, Карим Масимов рӯзи 5 январ аз мақом барканор гардида, алакай рӯзи 6 январ бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ба ҳабс гирифта шуд. Рӯзи 9 январ муовинҳои ӯро ҳам барканор карданд ва 10 январ ҷасади полковники Кумитаи амнияти миллӣ Азамат Ибраевро аз зери тирезаи хонааш дар пойтахт, шаҳри Нур-Султон пайдо карданд. Тавре пулис муайян кард,  захмҳои бадани Ибраев баёнгари аз баландӣ афтодани ӯст. Тирезаи манзили полковник Ибраев кушода будааст. Чунин ба назар мерасад, ки ин афсари амният, ки аз нафарони наздик ба Карим Масимов ба шумор мерафт ва қаблан дар ҳукумат низ ёвари ӯ буд, худкуширо ба ҳабсаш бартарӣ додааст.

Карим Масимов 56 сол дошта, аз ёрони қадимаи президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба шумор меравад. Масимов ду дафъа: солҳои 2007-2012 ва 2014-2016 сарвазири Қазоқистон буд ва баъди тарки ин мақом раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин шуд.

Боздошти Масимов ва муовинҳояш дар пасманзари эътирозҳои густардаест, ки дар Қазоқистон аз 2 то 8 январ давом кард. Дар ҷараёни ин эътирозҳо, ки дар бархе шаҳрҳо ба бетартибиҳо печид, 164 нафар кушта, беш аз 220 кас захмӣ шуданд ва то имрӯз беш аз 10 ҳазор нафарро барои иштирок дар бетартибиҳо дастгир кардаанд.

Рӯзи 5 январ дар пайи ин эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон пурра ба истеъфо рафт. Вале эътирозҳо тамом нашуд ва Тоқаев ҳамон рӯз дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, ҳодисаҳои охирро кори дасти “дастаҳои террористӣ” номид ва аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Рӯзҳои 6 ва 7 январ алакай нирӯҳои ҳомии сулҳи ОДКБ, аз ҷумла 210 сарбозу афсар аз Тоҷикистон барои таъмини тартибот ба Қазоқистон интиқол дода шуданд.Аз 14 январ хуруҷи нирӯҳои ОДКБ оғоз ёфт ва аз ҷумла нирӯҳои Тоҷикистон алакай ба хона баргаштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button