ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СОКИНИ 54-СОЛАИ ФАРХОР ДАР ЯК САДАМА ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – КӮЛОБ

Шоми 11 январбар асари бархӯрди “Опел-Астра” бо “Мерседес” дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, ронандаи 54-солаи “Опел” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, 11-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Нозимов Хуршед Раҷабович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки таҳти идораи ронанда, Мирмуҳамадов Қурбон Усмонович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Хуҷанд қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Нозимов Х.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳолати мазкур таҳқиқот идома дорад.

ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як рӯз қабл аз ҳалокати ду зан дар як садама дар дар ҳудуди ноҳияи Нуробод  хабар дода буданд.

Гуфта мешуд, 10-уми январи соли 2022, тахминан соати 15:15, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Набиев Зикрулло Раҳматович, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Шодмонии ҷамоати Муҷахарфи ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Ваҳдат-Нуробод-Рашт», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро ба ҷарии чуқуриаш тақрибан 80 метр чаппа кардааст. Дар натиҷа, ду мусофири ин мошин Ҳасанова Сайлигул Абдуҷабборовна, соли таваллудаш 1973, ва Мачоиева Муслима, соли таваллудаш 1955, ҳарду сокинони ҷамоати Муҷахарфи ноҳияи Нуробод дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда, Набиев З.Р. ва як мусофири дигараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button