ВидеоСиёсат

НАСИМ ШАРИФОВ – НАМОЯНДАИ “ГУРУҲИ 24” ДАР ТУРКИЯ АЗ БОЗДОШТ ОЗОД ШУД

Насим Шарифов, намояндаи ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи “Гуруҳи 24” дар Туркия, рӯзи 5 январ аз боздоштгоҳ озод карда шуд. Насим Шарипов рӯзи 30 декабр, соати 13:00 дар манзилаш дар шаҳри Истанбул боздошт шуда буд.

Мақомоти Туркия сабаби боздошту инак раҳоии ин сиёсатмадори мухолифи тоҷикро шарҳ надодаанд, вале “Гуруҳи 24” гуфт, дар паси қазияҳои қаблии аз Русия рабудани фаъолони ин ҳаракат Раҳматҷони Маҳмадҷон ва Шобудин Бадалов ва боздошти ахири Насим Шарифов дар Туркия мақомоти Тоҷикистон истодаанд, ки ба ақидаи “Гуруҳи 24”, бо чунин шева талош дорад рақибони сиёсӣ ва мухолифини худро аз байн барад ва дар дили мардум ва муборизин тарсу ҳарос ҷо кунад.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи боздошт ва инак раҳоии Насим Шарифов дар Туркия ягон изҳори назар накарданд.

Насим Шарифов яке аз собиқадорони “Гуруҳи 24” ба шумор рафта, аз соли 2015 дар  Туркия ба сар мебарад. Ӯ аз соли 2018 намояндаи ин ҳаракати оппозитсионӣ дар Туркия ва ҳамчунин яке аз гардонандаҳои барномаи “Гуруҳи 24” дар радиоканали “Зелло”  буд. Вақтҳои охир Насим Шарифов бештар ба тиҷорат машғул буд.

Ин алакай боздошти сеюми Насим Шарифов дар Туркия буд. Ду дафъаи аввал дар соли 2018 ва моҳи марти соли 2020 ӯро ҳамроҳ бо роҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир карда буданд. Вале он ду дафъаи қаблӣ додгоҳи Туркия дархости истирдоди онҳоро ба далели ангезаҳои сиёсии парвандаҳояшон дар Тоҷикистон рад карда буд.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирораш аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

Баъди ин шумори зиёде аз аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигар ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд. Ҳоло ин созмон асосан дар Аврупо амал мекунад.  Аммо Насим Шарифов ҳамроҳи раҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва боз чанд узви дигари ин гуруҳи оппозитсионӣ дар Туркия монданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button