ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РОҲЗАНҲОИ ГИПРОЗЕМ

Сокини 34-солаи пойтахт ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст, ки рӯзи 19 июли соли 2021 марди 27-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 165 ҳазору 353 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
ххххххххххххх

Ду сокини ноҳияи Восеъ ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 2 январ, соати 23:10 дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе 70 ҳазор сомонӣ ва телефони як сокини ноҳияи Ҳамадониро бо зӯрӣ аз ҷайбаш кашида гирифтаанд. Ин афрод ҳамчунин ба он гумонбар мешаванд, ки соати панҷи субҳи 31 декабр ҳамроҳ бо як навраси 16-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дар ҳамин маҳаллаи Гипрозем низ бо зӯрӣ телефон ва 2 ҳаҳр сомонии сокини 40-солаи ноҳияи Файзободро ба яғмо бурдаанд.

ххххххххххххххххх

Ду сокини қаблан судшудаи Душанбе ба дуздии ду зинапоя аз бозори “Корвон”  ва ду сокини ноҳияи Кушониён ба дуздии дорувор ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ аз як дорухона дар ноҳияи Данғара гумонбар мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 5 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб гирифтани зиёда аз 1 миллион сомонӣ

032

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 34-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 19-уми июли соли 2021, марди 27-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 165 ҳазору 353 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ду ҳолати ғоратгарӣ

018

Ба ШВКД-1 бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 2-юми январи соли 2022, тахминан соати 23:10-дақиқа, дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷейбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми-9» ва 70 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 72 ҳазору 478 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 33-солаи сокинони ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурдагон боз бо ҳамроҳии ҷавони 16-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, 31-уми декабри соли 2021, тахминан соатҳои 05:00, дар маҳаллаи зикргардида бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз марди 40-солаи сокини ноҳияи Файзобод 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг» ва 2 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

vor-0504

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 53-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 3-юми январи соли 2022, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар дохили ҶДММ бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ 2-адад зинапояи 12 метраро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаҳои 248 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Данғара марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 14 ба 15-уми октябри соли 2021, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дорухонааш, воқеъ дар ҳудуди ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо доруҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабинҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 31 ва 22-солаи сокинони ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button