ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатЧеҳраҳо

ОЗОДА РАҲМОН – ДАСТИ РОСТИ ПАДАРИ ПРЕЗИДЕНТАШ БА СИННИ 44 РАСИД

Озода Раҳмон, духтари дуюми президенти Тоҷикистон рӯзи 3 январ ба синни 44 расид. Раҳмон Озода Эмомалӣ аз байни 7 духтари Эмомалӣ Раҳмон баландтарин мақоми давлатӣ – раҳбарии дастгоҳи президентро дар даст дорад ва ӯро амалан “дасти рост”-и падараш мешуморанд. Мунтақидон ин мақоми баланди духтари президентро боз як қадами дигар дар роҳи дар дасти хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон мунсаҷим шудани мансабҳои калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон меноманд ва мегӯянд, ҳукумат торафт ранги «авлодӣ» мегирад. Вале тарафдоронаш Озода Раҳмонро як зани ҳалим ва дар айни замон раҳбари сахтгир ба қалам медиҳанд ва мегӯянд, баъди омадани ӯ ба мақоми раиси дастгоҳ расидагӣ ба шикоятҳои мардуми оддӣ хеле хубтар шуд.

Аммо бо гузашти 6 сол аз нишастанаш ба мақоми раҳбари дастгоҳи президент, Озода Раҳмон ҳоло дар баробари чанд чолиши ҷиддӣ қарор гирифтааст. Вақте ӯ ба ин мақом расид, интизори аксар ин буд, ки мансабдорон аз духтари президент шояд битарсанд ва расидагиашон ба арзу шикояти мардум беҳтар шавад. Дар воқеъ, баъди раиси дастгоҳ шудани Озода Раҳмон мавҷи шикоятҳо ба номи ӯ сарозер шуд ва дар оғоз мансабдорон метарсиданд ва маҷбур буданд, ки ба шикоятҳои расида ба дастгоҳи президент ба сурати фаврӣ расидагӣ  ва нафарони шикояткардаро ба ҳар василае қонеъ кунанд.

Вале бо гузашти 6 сол, тавре ба назар мерасад, онҳо ба раисии Озода Раҳмон ё одат карданд ваё тарсашон париду пӯсташон ғафс шуд, ки дигар шикоятҳо ҳатто ба номи духтари президент онҳоро зиёд маҷбур ба ҷунбуҷӯл намекунад.

Чолиши дигар ин густариши бесобиқаи доманаи фасоду коррупсия дар кишвар, рӯирост шудани мансабфурӯшӣ, бе ҷазои ҷиддӣ бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ халос шудани садҳо мансабдори ҳангоми гирифтани пора ба даст афтода аст, ки бидуни шак ба обрӯи дастгоҳи президент, идорае, ки Озода Раҳмон раҳбариаш мекунад, низ иснод меорад.

Чолиши дигар барои Озода Раҳмон ҳамчунон дар дасти ҷиноҳи “ястребҳо” боқӣ мондани абзори сиёсати дохилии ҳукумат аст, ки обрӯи Душанберо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун режими саркӯбгари озодиҳои демократӣ мерезонад, вале тавре ба назар мерасад, дастгоҳи президент ҳадди ақал дар марҳалаи кунунӣ тавони кофӣ барои лаҷом задани иштиҳои қозгири “ястребҳо” ва ироади лозим барои як каме сабуктар кардани фазои хафақони бар Тоҷикистон ҳокимро надорад.

Ин ҳолост, ки зери сояи пуштибонии падари пурнуфузаш мардум аз камбудиҳои Озода Раҳмон дар мақоми раиси дастгоҳи президент тақрибан ҳарф намезананд. Вале вазъиятест, ки метавонад тағйир ёбад. Ба бовари нозирони умур, Озода Раҳмонро дигар лозим аст, то собит кунад, ки ӯ танҳо як сиёсатмадори ба ноз парваришёфта дар зери чатри ҳимояти падараш ва дастгоҳи президент ҳам танҳо инкубатори мансабдорони оянда нест, балки  ӯ як сиёсатмадори ба сари худ мутанаффиз ва ниҳоде, ки раҳбарӣ мекунад, як ниҳоди таъсиргузор ва муҳимтар аз ҳама, ислоҳкунандаи камбудиҳоест, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон роҳ медиҳанд. Ин чолиши асосиест, ки духтари дуюми президент дар рӯбарӯи он қарор дорад ва  инки Озода Раҳмон ба ин чолиш чӣ гуна расидагӣ мекунад,  дурнамои ӯ дар арсаи сиёсии кишварро рӯшантар хоҳад кард. Аз ҷумла барои даврони алакай баъд аз аҳди раёсати падараш Эмомалӣ Раҳмон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button