ВидеоСиёсат

ЧОР ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР “ГУРУҲИ 24”

Дар арафаи соли нав, рӯзи 29 декабр ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” дар як ҷаласа, ки ба шакли онлайн доир шуд, аз як соли фаъолияти худ натиҷагирӣ кардааст. Масъули бахши иттилоот ва таблиғоти “Гуруҳи 24” Беҳрӯз Тағойзода дар ин ҷаласа гуфтааст, ин ҳаракати оппозитсионӣ дар як соли охир 305 барномаи вижаи сиёсиву иттилоотӣ, ба мисли “Садои мардум”, “Ҳақ ва ботил” ва “Самти нав” таҳия кард, ки онҳоро дар маҷмӯъ беш аз 23 миллион маротиба тамошо кардаанд.

Дар ҷаласа муовини раиси “Гуруҳи 24” Ҳусейн Ашӯров дар бораи 4 тағйироти кадрӣ дар ҳайъати раҳбарии ин созмон хабар додааст. Аз ҷумла Нуриддин Ризоӣ аз мақомии масъули равобити байналмилалӣ озод карда шуда ва ба ҷои ӯ Саидалӣ Ашӯров, ки то кунун сухангӯи ин ҳаракат буд, таъйин шудааст. Ба навбати худ Убайдулло Носиров (Убайдулло Саидӣ), ки то кунун масъули бахши фарҳанг буд, ба ҷои Саидалӣ Ашӯров сухангӯи “Гуруҳи 24” таъйин гардида ва ҳамчунин Маҳмадраҷаб Саидалиев намояндаи ин ҳаракат дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таъйин шудааст. Саидалиев то кунун масъули “Гуруҳи 24” дар Олмон буд.

Дар умум як соли охир барои ин ҳаракати оппозитсионӣ соли пурчолиш буд: Ду узви фаъоли он Шобудин Бадалов ва Раҳматҷони Маҳмадҷонро аз Русия ба таври мармуз ба Тоҷикистон истирдод карда, дар онҷо ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карданд. Ҳамин тавр, рӯзи 30 декабр, ҳамагӣ як рӯз баъд аз нишасти солонаи “Гуруҳи 24” намояндаи он дар Туркия Насим Шарифов дар шаҳри Истанбул дастгир шуд.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирораш аз Тоҷикистон ташкил шуда, соли 2014 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ карда шуд. Мақомот ин гуруҳро ба ифротгароӣ ва кӯшиши барандохтани ҳукумати кунунӣ бо роҳи зӯроварӣ айбдор мекунанд.  “Гуруҳи 24” ҳоло асосан дар Аврупо амал мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button