Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МАРГИ ДИЛОВАРИ ТАБИБ ВА БОЗ ЯК КОРМАНДИ ФУРУДГОҲ: ШУМОРИ РАСМИИ ҚУРБОНИЁНИ КОРОНАВИРУС БА 100 РАСИД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 9 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар  34 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ва се ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шудааст.

Ба ин тартиб, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бар асоси омори расмӣ, ба 13 ҳазору 753 нафар ва шумораи фавтидагон аз ин вирус ба 100 нафар расидааст. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 98% ё 13 ҳазору 483 нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд ва ба ин тартиб, ҳоло 170 нафар таҳти табобат қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ, ки аз аввали соли 2021 ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ва фавти сокинонро пойфишорона рад мекард, рӯзи 21 июн мавҷи нави коронавирусро дар кишвар эътироф кард ва рӯзи 1 июл расман ҳалокати ду нафари аввалинро аз ин вирус тасдиқ кард. Аз 1 то 9 июл дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, 10 нафар аз коронавирус вафот кардаанд.

Вале дар матбуот дар бораи аз коронавирус ё “илтиҳоби шуш” ҷон бохтани дастикам 28 нафар аз танҳо шахсиятҳои шинохта гузориш шудааст. “Илтиҳоби шуш” диагнозе буд, ки мақомоти Тоҷикистон то тасдиқи расмии мавҷи нави коронавирус маъмулан аз он  истифода мебурданд.

Қарори маълум, субҳи 10 июл Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон дар беморхонаи “Якум Советский” аз коронавирус ҷон бохт. Муддинов Давлат  дар гуруҳиВрачи Таджикистана дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 10 июл табиби ҳамсабақаш Маҳмудов Диловар тарки ин дунё кардааст. “Имрӯз ҳамкурс,бародар ,дӯсти азизу меҳрубонам,ки доим дар лабонаш ханда буд,Маҳмудов Диловар аз ин бемори илтиҳоби шуш, моро тарк карданд.Дӯстон дар ҳаққаш дуогӯ бошед”, навиштааст Давлат Муддинов.

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Зикрулло Каримов, роҳбари толори депутатҳои фурудгоҳи Душанбе рӯзи 8 июл вафот кард. Ӯ 34 сол дошт ва ба гуфтаи ҳамкоронаш, рӯзҳои охир бо асароти бемории коронавирус мубориза мебурд

Зикрулло Каримов инак дуюмин корманди фурудгоҳи Душанбе аст, ки хабари даргузашташ аз коронавирус ба даст мерасад. Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, корманди бахши мусофиркашонии фурудгоҳи Душанбе, дар поёни моҳи июн дар синни 39 дар бемористони бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон ҷон бохта буд.

РӮЙХАТТИ ҚУРБОНИЁНИ КОВИД ВА “ИЛТИҲОБИ ШУШ”

  1. Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, 57-сола
  2. Домулло Абдураҳмон Боқизода,  аз деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ, 62-сола
  3. Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, 62-сола
  4. Наргис Ҳакимова, табиби дермато-косметолог
  5. Роҳат, ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, 72-сола
  6. Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи равобити байналмилалии “Тоҷикстандарт”, 35-сола
  7. Қобилхоҷа Қобилов, раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ , 64-сола
  8. Майор Ҳомидҷон Устоев, корманди собиқи милитсияи шаҳру вилояти Қӯрғонтеппа
  9. Раҷабалӣ Саидвализода, мудири Дирексияи сохтмони иншооти давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи президент, 63-сола
  10. Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, корманди бахши мусофиркашонии фурудгоҳи Душанбе, 39-сола
  11. Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар синни 80
  12. Фарида Мансурова, профессор, доктори илмҳои тиб, дар синни 69
  13.  Ихтиёр Холматов, хатмкардаи филиали Донишгоҳи технологӣ дар Исфара, дар қисми низомӣ
  14. Ҳаким Шарифов, табиби дандон, дар беморхонаи Якум Советский аз коронавирус даргузашт
  15. Савзбаҳор Убайдова, 56cола, табиби бемористони Қараболо
  16. Хуршед Шарипов, 55-cола, соҳибкор аз кӯчаи Шамсӣ, қасабаи 82, аз коронавирус фавтид
  17. Ҳамсари вазири собиқи вазири молияи Тоҷикистон Анваршо Музаффаров
  18. Генерал Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, дар синни 64
  19. Ӯзбекбӣ Асадуллоева, модарарӯси президент, дар синни 88
  20. Қурбон Холов, раққоси собиқи ансамбли “Лола”, хореографи иттиҳодияи консертии “Базморо”, рӯзи 4 июл дар синни 54 вафот кард.
  21. Академик Карим Ҳайдаров, 86 сола, 6 июл дар бемористони “Якум Советский” вафот кард
  22. Ҳабиба Қурбонова, корманди нашриёти “Адиб”, 6 июл дар бемористони “Якум Советский” вафот кард
  23.  Номзади илмҳои тиб Саидов Хуршед Мирзокаримович, 6 июл дар  корпуси панҷуми бемористони Қараболо вафот кард
  24. Ҳоҷӣ Аҳад, имомхатиби масҷиди Кулангири ноҳияи Б.Ғафуров, 9 июл дар синни 60 вафот кард.
  25. Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шаби 10 июл дар беморхонаи “Якум Советский” вафот кард
  26. Диловар Маҳмудов, табиб,  рӯзи 10 июл аз “илтиҳоби шуш” вафот кард
  27. Зикрулло Каримов, роҳбари толори депутатҳои фурудгоҳи Душанбе, рӯзи 8 июл дар синни 34 вафот кард
  28. Подполковник Маъруф Ҳабибов, собиқ сардори Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ё ДОСААФ дар шаҳри Панҷакент,  6 июл аз коронавирус фавтид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button