
Дар шаҳри Пензаи Русия, дар толори хурди театри драмавӣ бо иштироки 12 довталаб даври ниҳоии озмуни қироати шеъру китоб таҳти унвони «Слова подобны крыльям» («Вожаҳо мисли қанотанд») баргузор шуд. Мақоми аввалро дар ин озмуни адабӣ Дмитрий Плешаков, зинаи дуюмро донишҷӯ аз Тоҷикистон Хусравҷони Каримзода ва ҷои сеюмро Маргарита Сидорова бо қироати порае аз «Шаҳзодаи худрд»-и Экзюпери ба даст оварданд.
Хусравҷони Каримзода дар риштаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Пенза (ПГУ) таҳсил мекунад. Ӯ дар ин озмун бо рубоиёти Умари Хайём ҳунарнамоӣ кард. Хусравҷон гуфт, ҳунарнамоияшро ба падару модараш мебахшад, чунки инак 6 сол боз ба Ватан нарафтааст ва волидону наздиконашро надидааст.
Хусравҷони Каримзода дар мусоҳиба бо медиаҳолдинги маҳаллии «Экспресс» гуфт: «Ин бештар ҳикоят дар бораи фарҳанг ва ахлоқи шарқӣ аст ва ин мавзӯъ барои ман хеле наздик аст. Ман бо мураббиям ин ҳунарнамоиро қариб се моҳ машқ кардем.»