ВидеоДин ва боварҳо

Боздошти як рӯҳонӣ барои ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ дар Симиганҷ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти як рӯҳонӣ бо иттиҳоми ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ хабар дод.

Дар гузориши видеоӣ, ки шоми 9 декабр дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта мешавад, ки кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона дар гуруҳи ноҳияҳои атрофи шаҳри Ваҳдат Ашӯров Абдуалим, соли таваллудаш 1972, зодаи ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дастгир шудааст.

ВКД мегӯяд, ки “ӯ худ саводу дониши мукаммали динӣ надошта, ба хотири пешбурди рӯзгори оилааш чанд ноболиғро дар муҳити носолими ҳуҷраи таълим ва вазъи ногувору бади санитарӣ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифтааст.”

ВКД гуфт, мадрасаи ғайриқонунии Абдуалим Ашӯров тақрибан 6 моҳ боз фаъолият дошт ва ӯ “аз ҳар кадоме аз 300 то 1000 сомонӣ ҳаққи тадрис мегирифтааст.”

Дар гузориш лаҳзае аз бозҷӯии Абдуалим Ашӯров низ нашр шудааст:

  • Ба ивази таълимоте, ки ба он ноболиғон медодед, волидайни онҳо ба шумо чӣ медоданд?
  • 300 -500 сомонӣ. Баъзеаш хӯрока меовард.
  • Ғайр аз 500 сомонӣ дигар намедоданд пул?
  • Агар ягонтоаш думоҳа ягон ҳазор сомонӣ дода бошанд, додаанд.
  • Дар ягон донишгоҳи исломӣ таълим гирифтаед?
  • Не, дар пеши домуллоҳои худамон хондагиам…

ВКД дар гузоришаш ба таълими ғайриқонунии динӣ даст задани Абдуалим Ашӯровро “кирдори зиёновар” номида, мегӯяд, ки ин ба ояндаи кӯдаконе, ки дар чунин мактабҳо таҳсил мекунанд, таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Тоҷикистон ягон мактаби динӣ барои таълими кӯдакон амалан вуҷуд надорад. Охирин мадрасаҳо дар кишвар баъди қабули қонуни нави дин дар соли 2011 баста шуданд. Ягона муассисаи таълимии динӣ дар Тоҷикистон  Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзам аст, ки дар бинои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт) ҷойгир шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани дастрасии сокинон ба таълимоти динӣ танқид мекунанд. Ахиран Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро дигарбора ба рӯйхатти сиёҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос дар бобати риояи ҳуқуқу озодиҳои динии мардум ворид кард. Аммо Кумитаи дини Тоҷикистон ин гузоришро беасос номида гуфт, ҳуқуқи динии мардум дар кишвар пурра муроот мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button