Рақси зебои тоҷикии ду ҷавони тоҷик дар як шаҳри хориҷӣ издиҳоми бузурги тамошобинонро ҷамъ овард. Тамошобинон ба ҳунари ин ду ҷавони тоҷик каф мекӯбанд ва чандин нафари онҳо, ки зоҳиран сайёҳонанд, рақси ин ду ҷавонро ба навор мегиранд.
Кай ва дар кадом шаҳр сабт шудани ин видео маълум нест, вале дар видео дида мешавад, ки дар як кӯчаи назди бандар аз мошин садои овозхони тоҷик Закия меояд, ки таронаи машҳури “Духтаракҳои ғармӣ”-ро мехонад:
Рафтум сари Навдуна, дидум Ғарма,
Поюни Қаротегин, Оби Гарма.
Гуфтум, намурум, як бор бубинум Ғарма,
Армон ба дилам бимонд, надидум Ғарма.
Қадати буландша садқа,
Абрӯи камандша садқа,
Холаки суманша садқа
Духтаракои ғармира.
Як ҷавони тоҷик зери ҳамин тарона ба рақс медарояд ва рақси мардонаи тоҷикиро чунон зебо иҷро мекунад, ки дар атрофи ӯ як издиҳоми бузург ҷамъ мешавад.
Аз рақси ҳамватанаш илҳом гирифта, баъди чанде боз як ҷавони дигари тоҷик ба майдон медарояд ва онҳо дунафарӣ ба рақсидан идома медиҳанд.
Аксари тамошобинон ба ин ду ҷавони тоҷик барои ин рақси зебо офарин гуфтаанд.