АфғонистонВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК АЗ СӮИ ТОЛИБОН ДАР АФҒОНИСТОН (ВИДЕО)

“Ал-Мирсаъд”, ки худро ҳамчун пойгоҳи иттилооти ҳаракати тундрави Толибон ба зидди созмони тундрави ДОИШ муаррифӣ мекунад, рӯзи 9 апрели соли 2024 бо нашри як видео дар бораи аз сӯи хадамоти амнияти Толибон дастгир шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои ин манбаъ, Сироҷиддин Шамсович Давлатов, сокини ноҳияи Восеъ, санаи таваллудаш 1 январи соли 2003, ва ҳамсоли ӯ Самеъҷон Файзов аз шаҳри Кӯлоб ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар вилояти Владимири Русия тавассути шабакаи Телеграм ба саффи ДОИШ ҷалб шуда, ба Афғонистон омадаанд ва мехостанд аз инҷо ба шаҳри Квета, маркази устони Балуҷистони Покистон рафта, дар онҷо таълими ҷангӣ бигиранд.

Расонаи марбут ба Толибон менависад, Балуҷистони Покистон дар вақтҳои охир ба як пойгоҳи умдаи тамрину таълими ҷангҷӯёни созмони террористии ДОИШ табдил ёфтааст.

Самеъҷон Файзов ва Сироҷиддин Давлатов дар видеои нашршуда эътироф мекунанд, ки аз онҳо тавассути Телеграм даъват шуд, ки барои гирифтани таълими улуми шаръӣ ва тамринҳои ҳарбӣ ба Квета ҳиҷрат кунанд. Самеъҷон Файзов мегӯяд, ки ӯ дар вилояти Владимири Русия кор мекард ва ҳамроҳи Сироҷиддин Давлатов бо роҳнамоӣ тавассути Телеграм аз Русия ба Туркия, аз онҷо ба Эрон ва аз Эрон ба Афғонистон гузаштанд, вале дар роҳи сафар ба Квета дар вилояти Нимрӯз аз ҷониби маъмурони “Иморати исломии Афғонистон” дастгир шуданд. Толибон ҳукумати дар Афғонистон сохтаашонро “Иморати исломӣ” ном кардаанд.

Сироҷиддин Давлатов низ айни ҳарфҳои Самеъҷон Файзовро такрор кард ва гуфт, ки онҳо аз тариқи Туркияву Эрон ба Афғонистон омаданд ва дар инҷо амр гирифтанд, ки барои таълиму тамрин ба Квета бираванд, вале дар роҳи сафар ба Квета дастгир шуданд.

Маълум нест, ки ин эътирофи гуноҳ аз забони ин ду ҷавони тоҷик дар чӣ шароит сабт шудааст? Гуфта мешавад, онҳо ҳарду ҳоло дар зиндони Толибон қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, собиқ ноиби президенти Афғонистон ахиран дар як мақола дар нашрияи русии “Независимая газета” иддао карда буд, ки хадамоти амнияти Толибон аз номи ДОИШ дар шабакаҳои интернетӣ гуруҳҳои қалбакӣ дуруст кардааст ва афроди моил барои пайвастан ба саффи тундравонро ба доми худ афтонда, ба Афғонистон даъват мекунад ва сипас барои намоиши муборизаи худ бо ДОИШ онҳоро дастгир мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба ин хабари боздошти боз ду тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ вокуниш накардаанд. Вале президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2024 тамоми роҳбарони мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлобро бо ҷамъи муовинонашон аз мансабҳо барканор кард ва манобеи огоҳ мегуфтанд, як сабаби аслии ин тасмим афзоиши шумори зодагони ҷануби Тоҷикистон, бахусус минтақаи Кӯлоб, дар саффи гуруҳҳои ифротию террористӣ ва иштироки онҳо дар ҳамлаҳои террористӣ дар хориҷ шудааст.

Моҳи март дар мулоқот бо ходимони дин Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳалокати беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар ва дар 3 соли охир бо дасти шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом шудани 24 ҳамлаи террористӣ ё қасди чунин ҳамла дар 10 кишвари гуногун хабар дод.

Дар пайи ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 март дар канори шаҳри Маскав, ки аз 17 нафари бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла 15 нафараш зодагони Тоҷикистонанд, расонаҳои наздик ба Толибон хабар доданд, ки зодагони Тоҷикистон вақтҳои охир дар қаламрави Афғонистон низ 12 ҳамлаи маргталабона анҷом додаанд.  Ин расонаҳо ҳатто навиштанд, ки имрӯз “Тоҷикистон пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ба бузургтарин манбаи тавлиди тафаккури доишӣ табдил шудаасту шаҳрвандони он даҳҳо ҳамларо дар саросари ҷаҳон анҷом додаанд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button