АфғонистонҲодиса

21 КУШТА ВА 38 ЗАХМӢ ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Бахши иттилооти ҳукумати вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон хабар дод, ки субҳи якшанбе, 17 марти соли 2024, дар ин вилоят бар асари бархӯрди як автобуси мусофирбар бо мотосикл ва мошини бензинкаш 21 нафар ба ҳалокат расида, 38 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Садама дар роҳи Ҳирот-Қандаҳор дар ноҳияи Гришки вилояти Ҳилманд рух дода, ба гуфтаи сухангӯи волии Ҳилманд, дар пайи бархӯрд мошинҳо оташ гирифтаанд.

Дар аксҳои нашркардаи бахши иттилооти ҳукумати вилояти Ҳилманд оҳанпораҳои сӯхта а паҳну парешон дар рӯи роҳ ва ҳамчунин кабинаи сӯхтаи мошини бензинкаш дида мешаванд.

Автобуси мусофиркаш аз шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон ба пойтахти ин кишвар, шаҳри Кобул равона будааст. Автобус аввал ба як мотосикл бархӯрдааст. Дар натиҷа, ҳарду марди савори мотосикл: ронанда ва мусофири ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи автобус бошад баъди ин бархӯрд аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини бензинкаш, ки ба самти муқобил: аз шаҳри Қандаҳор ба тарафи Ҳирот ҳаракат дошт, бархӯрдааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ин бархӯрди дуюм, се нафари савори мошини бензин ва 16 тан аз мусофирони автобус ҷони худро аз даст додаанд.

Гуфта мешавад, ки аз байни 38 нафари ҷароҳатбардошта аксарият мусофирони автобус буда, 11 нафараш ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд,

Садамаҳои маргбор дар Афғонистон ба иллати роҳҳои фарсуда, бидуни риояи қоидаҳои ҳаракат рондани мошин ва набуди танзими ҳаракат хеле зиёд рух медиҳанд.

Аз ҷумл моҳи декабри соли 2022 дар чунин як садамаи пурқурбонӣ дар ағбаи Соланг дар шимоли Афғонистон дар натиҷаи чаппа шудану оташ гирифтани мошини бензинкаш 31 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button