ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД “МЕРСЕДЕС” БА ҶАРИИ ЧУҚУРИШ 250 МЕТР ЧАППА ШУД: ЯК КАС МУРД, 4 КАСИ ДИГАР ЗИНДА МОНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз як садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Хуҷанд хабар дод. Рӯзи 15 марти соли 2024 дар ин шоҳроҳ як мошини “Мерседес“ ба ҷарии чуқуриаш 250 метр чапа шудааст. Дар ин садама як мусофири 24-сола ҷон бохтааст, вале ронанда ва 3 мусофири дигари мошин ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 15 март ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар бори садамаи дар километри 156-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд  хабар додаанд.

Наҷотбахшони Кумита аз минтақаи Зарафшон ба ҷои ҳодиса расида, муайян кардаанд, ки як мошини тамғаи “Mercedes-Benz“,таҳти идораи сокини 33-солаи Душанбе,  ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд ба далели аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда, ба як ҷарии чуқуриаш 250 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, як мусофири ин мошин, сокини 24-солаи вилояти Хатлон дар ҷои ҳодиса ҷон дода, ронанда ва 3 мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Наҷотбахшон бо кумаки васоили махсуси кӯҳнавардӣ ба ҷарӣ фаромада, бо истифода аз воситаҳои махсус ҷасади мусофири ҳалокшударо аз дохили мошин берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Тафсилоти дигари ҳодиса маълум нест.

Дар пайи ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон хотиррасон кардааст, ки дар роҳҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳамчунин суръатро қатъиян риоя кунанд.

Дар рӯзҳои охир ин ягона садамаи марговар дар роҳи Душанбе – Хуҷанд нест.

 11 марти соли 2024, соати 11:15 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додаанд, ки дар километри 147-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд садама рух додааст.

Наҷотбахшони Кумита аз минтақаи Зарафшон ба ҷои ҳодиса расида, муайян кардаанд, ки як мошини тамғаи “Opel Zafira”, таҳти идораи сокини 35-солаи Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд ба далели аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда, ба як ҷарии чуқуриаш 800-900 метр чаппа шудааст. Ба болои ин, ҳангоми ба ҷарӣ сарозер шудан, мошин оташ ҳам гирифтааст.

Дар натиҷа садама, ронанда ва ду мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондаанд, вале ҷароҳат бардоштаанд.

Наҷотбахшон бо кумаки васоили махсуси кӯҳнавардӣ ба ҷарӣ фаромада, бо истифода аз воситаҳои махсус ҷасадҳои ронанда ва ду мусофири ҳалокшударо аз дохили мошини сӯхта берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Ҳамин тавр, наҷотбахшон ба ду мусофири зиндамонда кумаки тиббии аввалия расонда, сипас онҳоро ба табибон супурдаанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 14-уми марти соли 2024, тахминан соати 12:30, дар километри 308-уми шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Кулма», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, байни деҳаҳои Хостав ва Жак ронандаи мошини ҷипи тамғаи “Тойота-Ланд Крузер”, Абдулмуминов Убайдулло Хайруллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Данғара, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши тарафи чапи мошини боркаши тамғаи “Шакман”, таҳти идораи ронанда, Ғуломалиев Назри Абдулалишоевич, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Шуғнон, ки аз самти ноҳияи Мурғоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи ”Тойота-Ланд Крузер” ва мусофирони он; Алиназаров Муяссар Музаффарович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Хоруғ, Тағаймуродов Диловар Мирзомуродович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, Музафаршоев Имомназар Худойназарович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шуғнон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари ин мошин Ҷумъаев Ҷонибек Ҷурамуродович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ташкилоти ҷамъиятии “Барги сабз” гуфтанд, ки ронанда ва мусофирони ин мошини ҷип кормандони ҳамин созмони экологӣ буданд, ки бо сафари хидматӣ барои роҳандозии як лоиҳаи марбут ба муҳити зист ба Хоруғ сафар доштанд. Ба гуфтаи ҳамкоронашон, мошини кормандони “Барги сабз” дар мавзеи Норинг дар байни деҳаҳои Хостав ва Жаг-Марғи ҷамоати Нулванд дучори садама шудааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохт, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд. Роҳҳои харобу валангор,  суръати баланд, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои умдаи садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button