ВидеоМуҳоҷирон

САГИ БӮГИР АЗ БАҒОЧИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ НОВОСИБИРСК – ХУҶАНД 1,8 МИЛЛИОН РУБЛ ЁФТ (АКС)

Хадамоти матбуоти боҷхонаи минтақаи Сибири Русия рӯзи 11 марти соли 2024 хабар дод, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳи “Толмачёво”-и шаҳри Новосибирск аз як кӯшиши ба Тоҷикистон бурдани маблағи бузурги пули нақд пешгирӣ кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, шаҳрванди 29-солаи Русия, ки аз фурудгоҳи “Толмачёво” ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, аз “роҳрави сабз” мегузашт. Бо интихоби “роҳрави сабз” мусофирон эълом мекунанд, ки бо худ чизе барои дар боҷхона нишон додан надоранд.

Вале кормандони боҷхона бо кумаки саги бӯгирашон муайян карданд, ки ин мусофир дар бағочи худ маблағи бузурги пули нақдро бурда истодааст. Тафтиши бағоч нишон дод, ки ӯ бо худ 1 миллион 800 ҳазор рубл ва 101 доллар доштааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки “азбаски пулҳои нақди тибқи қурби расмӣ аз 10 ҳазор доллари Амрико бештар бояд ҳатман эъломияи гумрукӣ карда шаванд, 897 ҳазору 200 рубл аз пулҳое, ки ин мусофир бурданӣ буд, ғайриқонунӣ буд”.

Дар натиҷа 903 ҳазор рубл ва 101 долларро ба мусофир баргардонда, боқимонда пулҳои ӯро гирифтаанд ва нисбат ба ӯ парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба ӯ барои кӯшиши ба хориҷи Русия бурдани маблағи бузурги пули нақд ҷаримаи ҳангуфт таҳдид мекунад. 897 ҳазор рубли аз ӯ гирифташударо низ метавонанд ба фоидаи давлат мусодира кунанд.

Боҷхонаи Сибир мегӯяд, кормандони боҷхонаи “Толмачёво” аз аввали сол аз 15 кӯшиши ба хориҷи Русия бурдани маблағҳои нақд пешгирӣ карда, беш аз 2,5 миллион рубл, 12 ҳазору 200 евро, 7 800 доллар ва 450 франки Швейтсарияро мусодира кардаанд.

Моддаи 16.4 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия барои бидуни эъломия аз марзи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) берун бурдани маблағи аз меъёр бештар ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 50% то ду баробари маблағи ёфтшуда ваё мусодираи ин маблағи ёфтшударо пешбинӣ мекунад.

Ҳукумати Русия дар пайи эъмоли таҳримҳои сангини байнмалмилалӣ баъди ҷанги зидди Украина интиқоли пул ба хориҷи ин кишварро таҳти назорати шадид гирифта, хеле маҳдуд кардааст. Ҳоло аз Русия баровардани маблағи беш аз 10 ҳазор долларро комилан манъ кардаанд.

Берун баровардани пули нақд бо рубли русӣ маҳдуд нашудааст, вале дар сурати баровардани маблағи тибқи қурби расмӣ аз 10 ҳазор доллари Амрико бештар бояд соҳиби пул эъломия пур кунад. Дар сурати бо худ бурдани маблағи тибқи қурби расмӣ беш аз 100 ҳазор доллар, шаҳрвандон бояд дар баробари эъломияи ба кормандони боҷхона ҳамчунин санадҳо дар бораи манбаи расмии ин пулҳои бо худ доштаашонро нишон бидиҳанд.

Айни талабот барои асъори хориҷӣ пешбинӣ шуда буд, вале президенти Русия рӯзи марти соли 2022, дар пайи шурӯи ҷанги зидди Украина бо имзои як фармон аз кишвараш баровардани асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 10 ҳазор долларро комилан манъ кард.

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик пулҳои бо азоб дар муҳоҷират кор кардаашонро ба сурати нақд ба Ватан меоранд.  Аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунем, ки ҳангоми аз Русия баровардани пули нақд хеле эҳтиёт  ва тибқи қонун кунанд, то ки пулҳои бо ин қадар азобу машаққат дар мулки ғурбат бадастовардаашон мусодира нашавад. Пур кардани эъломияи гумрукӣ комилан бепул аст ва дар сурати пур кардани он касе ҳаққи мусодираи пули шуморо надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button