ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ФУРӮ РЕХТАНИ ДАҲҲО ТАРМА ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои 9 ва 10 марти соли 2024  аз километри 57 то километри 73-юми роҳи Душанбе – Хуҷанд 29 тарма фаромада, рӯзи 10 март, соати 13:20, боз чандин тармаи дигар аз километри 81 то 158-уми ин ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон фурӯ рехтааст. Асароти ин офатҳои табииро бо истифода аз техникаи махсус кормандони ин ширкат ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бартараф кардаанд ва ҳаракати нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ пурра барқарор карда шудааст. Аз ҷумла мавҷи дуюми тармаҳоро рӯзи 10 март, соати 15:40 бартараф кардаанд.

Гуфта мешавад, касе бар асари ин офатҳо осеб надидааст. Аз ҷумла ронандаву мусофирони як мошини “Опел”-ро, ки зери тарма монда буд, беосеб берун овардаанд.

Дар умум тайи ду рӯзи охир дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 40 ронандаву мусофирро аз манотиқи хатарнок кӯчонда, онҳоро бо ҷои хоб ва хӯроки гарм таъмин кардаанд.

Рӯзи 11 марти соли 2024 роҳи Душанбе – Хуҷанд барои ҳаракати тамоми навъҳои нақлиёт боз буд, вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор дод, ки ба далели боришот то 13 март хатари фурӯ рехтани тармаву сангрез ҳамоно дар  ноҳияҳои ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд –  Чаноқ, Душанбе – Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ -Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб зиёд аст.

 Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафарҳои безарурат ба манотиқи аз лиҳози офатҳои табиӣ осебпазир худдорӣ кунанд. Рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ, гузор аз минтақаҳои тармахез низ дар ин рӯзҳо маслиҳат дода намешавад.

Ҳамчунин аз ронандагон хоста шудааст, ки пеш аз ба сафар баромадан дар бораи вазъи роҳҳо маълумоти муътамад ба даст оварда, дар роҳҳо қоидаҳои ҳаракат ва суръату фосиларо қатъиян риоя кунанд. Аз ҳама хоста шудааст, ки дар сурати дучор шудан ба ҳолатҳои фавқулодда ба ин рақамҳо ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар бидиҳанд:

112 ваё (+992) 93 880 28 19.

Тармаву ярчу сангрез аз офатҳои хатарноки табиӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон ба шумор мераванд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 335 ҳолати рехтани тарма ва 48 мавриди ярчу сангрез сабт шудааст.  Дар чандин ҳолат ин офатҳо боиси марги инсонҳо шудаанд.

Аз аввали соли ҷорӣ низ дар бораи фурӯ рехтани даҳҳо тарма, асосан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон, ва ҳамчунин дар ноҳияи Рӯшону Ишкошим хабарҳо ба даст расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button