ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ФАВРӢ! РАҲБАРИ “ГУРУҲИ 24” ДАР ИСТАНБУЛ БЕДАРАК ШУДААСТ

Роҳбари ҳаракати сиёсии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи-24“Сӯҳроб Зафар аз рӯзи 10 марти соли 2024  дар шаҳри Истанбули Туркия –бедарак шудааст. Дар ин бора “Гуруҳи 24”рғзи 11 март бо нашри як изҳороти фаврӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ҳамсафонаш, Сӯҳроб Зафар аз субҳи 10-уми март дар тамос нест ва гӯшии телефонаш низ хомӯш  буда, то кунун аз вай ва дар куҷо қарор доштанаш ҳеҷ хабаре нест.

Ҳамсафонаш мегӯянд, роҳбари “Гурӯҳи-24”, ки тақрибан 10 сол боз дар Туркия ба сар мебурд, вақтҳои охир ҳамвора навиштаҳои таҳдидомезе дарёфт мекард, ки ба зудӣ кушта ва ё рабуда ва ба Тоҷикистон бурда хоҳад шуд.

Дар рӯзҳои охир Сӯҳроб Зафар алакай нафари дуюм аз раҳбарони “Гуруҳи 24” аст, ки дар Туркия бедарак мешаванд. . Ёдовар мешавем, ки гамояндаи “Гурӯҳи-24” дар Туркия  Насимҷон Шарипов  рӯзи 23 феврали соли 2024 дар шаҳри Истанбул бедарак гашта буд ва то ҳол дар куҷо қарор доштанаш маълум нест. Мақомоти Туркия бо вуҷуди гузашти қариб се ҳафта аз нопадид шудани Насимҷон Шарипов то ҳол қазияи ӯро шарҳ надодаанд.

 Сӯҳроб Зафар аз октябри соли 2014 дар Туркия зиндагӣ дошт. Ӯ бори аввал дар соли 2014 бо дархости мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳи  асосгузори “Гурӯҳи-24”  Умаралӣ Қувватов, ҷонишини раҳбари ҳаракат Ҳусейн Ашӯров ва Абдурашид Ҳомидов дастгир ва зиндонӣ шуда буданд, вале баъди шаш моҳ, додгоҳи шаҳри Истанбул онҳоро сафед ва озод кард. Баъдан, чанд маротибаи дигар аз тарафи пулиси шаҳри Истанбул боздошт ва раҳо шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар мавриди аз тариқи василаҳои расмӣ, яъне тавассути истирдод бозпас бурдани намояндагони “Гурӯҳи-24” дар Туркия ягон бор муваффақ нашуда буданд.

Ба ин далел ҳамсафонаш эҳтимоли рабуда шудани Сӯҳроб Зафарро истисно намекунанд.

Гуруҳи 24” соли 2012 аз сӯи соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов баъди аз дасташ гирифтани тиҷоратҳояш ва тарки Тоҷикистон карданаш таъсис ёфтааст. Ин ҳаракат дар тобистони соли 2014 дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои ҳукумати Тоҷикистон як силсила эътирозҳо барпо кард ва рӯзи 10 октябр ҳамаро ба як гирдиҳамоии саросарӣ дар маркази Душанбе даъват кард. Ба ин гирдиҳамоӣ касе наомад, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро манъ ва онро созмони ифротӣ эълон кард. А

сосгузори “Гуруҳи 24” моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия дар пайи ноком шудани кӯшиши заҳр доданаш дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Даҳҳо узви ин ҳаракати оппозитсионӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистону кишварҳои СНГ дастгир шуданд. Боқимонда аъзои “Гуруҳи 24” дар Туркия ва кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд ва аз ҳамин ҷо ба фаъолияти худ идома медиҳанд.Вале раҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар бо чанде аз ёронаш дар Туркия монданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button