ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

ПАЁМИ БАЙДЕН БА ПУТИН: МО САР ХАМ НАМЕКУНЕМ! ВА ТАСЛИМ НАМЕШАВЕМ!

Ҷо Байден, президенти Амрико рӯзи 7-уми марти соли 2024 дар севумин нутқи солонаи худ ба Конгресс, ки дар Амрико бо номи “State of the Union” маъруф аст, ин суханронии худро бо суханронииФранклин Рузвелт, президенти вақти Амрико дар соли 1941 муқоиса кард. Он вақт Рузвелт, моҳи январи соли 1941 замоне, ки ҷанги ҷаҳонии дувум идома дошт, дар паёмаш дар Конгресс мардуми Амрико ҳушдор дода буд, ки кишвари онҳо дар остонаи як ҳарҷумарҷи бузург қарор дорад.

Байден дар паёми солонааш гуфт: “Ҳадафи Рузвелт аз он суханронӣ огоҳ кардани вакилони Конгресс ва мардуми Амрико аз як давраи ғайриоддӣ дар таърих буд. Ва имрӯз низ ҳадафи ман, ин собит кардани чунин як ҳолати ғайриоддӣ барои шумост”.

Пасон, Байден аз ҷанги Украина ёдовар шуда, ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дарафтид.

Ӯ бо хитоб ба президенти Русия гуфт, ки “паёми ман ба Путин ин аст, ки Амрико ба қавли худ амал хоҳад кард. Мо шарикони худро танҳо намегузорем ва ман таслим нахоҳам шуд”.

Дар идома Байден бе бурдани номи президенти собиқи Амрико Доналд Трамп аз ин рақиби асосии худ дар интихоботи қарибулвуқӯъ интиқод кард ва дар мавриди ҷонибгирии ӯ дар қиболи Путин бо шиддат изҳори нигаронӣ карда гуфт: “Путин ба хоки Украина таҷовуз карда, тамоми Аврупоро ва фаротар аз онро  дар як ҳолати ҳарҷумарҷ қарор додааст. Агар касе дар ин толор фикр мекунад, ки Путин пас аз ғасби Украина қонеъ шуда, дигар даст ба таҷовуз намезанад, ба шумо итминон медиҳам, ки чунин намешавад”.

Байден гуфт, ки “як раисҷумҳури собиқи ҷумҳурихоҳи Амрико, ки пеш аз ман президенти ин кишвар буд (дар назар аст Доналд Трамп),  ба Путин мегӯяд: ҳар коре хоҳӣ бикун. Ин хатарнок ва ғайри қобили қабул аст”. Дар умум Байден дар аёми слонааш на камтар аз 13 маротиба бе бурдани номи Доналд Трамп аз ӯ ёдовар шуда, Трампро зери тозиёнаи танқид гирифт.

Доналд Трамп чун ҳарвақта ба як шакли хоссе, ки дорад, кӯтоҳ ва бе тавзеҳ дар саҳифаи шахсии худ дар платформаи “Truth Social” ҷавоб ба гуфтаҳо Байден навишт, ки “ӯ (Байден ) бар зидди Путин истодагарӣ накард, балки Украинаро ба Путин дод”.

Ҳамчунин Байден бо хитоб ба вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресс, ки аксараш тасвиби бастаи нави кумакҳо ба Украинаро бо таҳкими марзҳои ҷанубии Амрико барои пешгирӣ аз мавҷи муҳоҷирон бастагӣ додаанд, таъкид кард, ки “агар мо дар канори Украина биистем ва силоҳҳои лозимиро барои онҳо бидиҳем, Украина метавонад пеши роҳи Путинро бигирад ва ӯро боздорад. Ин танҳо чизе аст, ки Украина аз мо мехоҳад. Онҳо аз мо сарбози амрикоӣ намехоҳанд, танҳо силоҳ барои дифоъ талаб доранд. То ба ҳол ягон сарбози амрикоӣ дар Украина ҷанг накардааст ва онҳо дар Украина ҳатто ҷисман вуҷуд надоранд. Ман қавл медиҳам, ки ба ҳамин шакл корро идома диҳам”.

Путин борҳо такрор кардааст, ки ҳадафи ҳамла ба кишварҳои Аврупоро надорад, балки танҳо мехоҳад Украинаро аз “миллатгароён” озод кунад. Ба таъбири худи Путин, ӯ  мехоҳад Украинаро “денацификация” ва “демилитаризация”  кунад. Албатта, ба ин ҳарфи Путин, ки қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, имрӯз кам касе бовар мекунад, чунки ӯ дар тӯли солҳо айни ҳарфро дар мавриди Украина мезад, ки Русия гӯё қасди ҳамла ба ин кишвари ҳамсояашро надорад.

Байден бори дигар ба мухолифони кумакҳои молӣ ва низомӣ ба Украина тавзеҳ дод, ки “мо бояд бар зидди Путин биистем. Агар Иёлоти муттаҳидаи Амрико Украинаро ба ҳоли худ гузорад, ин кишвар дар вартаи хатар қарор мегирад. Украина дар хатар бошад, пас Аврупо дар хатар аст ва ҳамин тавр тамоми кишварҳои демократӣ дар хатар қарор мегиранд”.

Байдени 81-сола дар ин суханронии 68-дақиқаии худ ҳамчунин пиромунимасоили ҷанг дар Ғазза, рақобат бо Чин, истодагарӣ бар зидди Эрон ва масоили дохили Амрико сӯҳбат кард.

Вакилон аз ҳизби демократ дар тӯли суханронии ӯ чандин бор аз ҷой хеста, кафкӯбӣ карданд. Ҷумҳурихоҳон дар ҷараёни ироаи паёми солонаи Байден бештар луқмапартоӣ мекарданд, вале вақте ки ӯ дар бораи ҳимоят аз Украина  ҳарф мезад, натанҳо вакилони демократ, балки баъзе аз вакилони ҷумҳурихоҳ низ ба по хеста, кафкӯбӣ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button