ИқтисодТоҷикистон

БОЗДИДИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ АЗ КӮЧАҲОИ ДУШАНБЕ ДАР ПАЙИ ВАЗЪИ ФАВҚУЛОДДАЕ, КИ ДАР ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН ПЕШ ОМАД (7 АКС +2 ВИДЕО)

Шаҳдори Душанбе Рустами Эмомалӣ субҳи 2 марти соли 2024 ҳамроҳи муовинонаш ва раисони ноҳияҳри пойтахти Тоҷикистон аз як қатор кӯчаҳову хиёбонҳои шаҳр дидан карда, бо вазъи пешомада дар пойтахт дар пайи боришоти ахир аз наздик ва бо чашми худ ошно шудааст.

Телеграм-канали Рустами Эмомалӣ хабар дод, ки боздиди шаҳрдор аз кӯчаву хиёбонҳо “бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки сохторҳои гуногуни шаҳрдорӣ” сурат гирифта, Рустами Эмомалӣ “ба муовинон ва раисони ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас додаааст”.

Бино ба гузориши шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр, Рустами Эмомалӣ ҳамчунин “ба масъулин супориш додааст, ки барои саривақт тоза намудани барф аз назди биною корхона ва мағозаву фурӯшгоҳҳо кор бурда, баҳри омода намудани каналу селпартоҳо ва саривақт таъмин намудани сокинон бо оби ошомиданӣ ва нерӯи барқу гармӣ чораҳои сӯдманд андешанд. Ҳамзамон бо ин, супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҳама қишрҳои ҷомеа баҳри самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва сарфаю сариштакорӣ тақвият бахшанд”.

Дар бораи барканории масъулоне, ки рӯзи 1 март сабабгори қатъи интиқоли барқу об ва аз кор мондани шабакаи гармидиҳӣ шуданд ва сокинонро дар як рӯзи сарду пурбарф дар шароити саъте қарор доданд, ҳанӯз хабаре ба даст нарасидааст. Аммо моҳи январи соли 2023, вақте Душанбе дар пайи боришоти барф дучори як буҳрони дар муқоиса бо буҳрони рӯзи 1 март хеле кӯчактар шуда буд, Рустами Эмомалӣ раисони 3 ноҳияи пойтахтро ба сабаби ноуҳдабароӣ ва ноомадагӣ ба фасли зимистон аз мансабҳояшон барканор карда буд.

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт дар ҳолест, ки инак қариб як ҳафта боз бо вуҷуди обу ҳавои фавқулодда сард ва боридани барф дар шаҳри Душанбе низ лимити барқ ҷорӣ карда шудааст ва сокинон мегӯянд, бебарқӣ хонаҳои онҳоро бахусус дар биноҳои бисёрқабата амалан ба “яхдонҳои бетонӣ” табдил дода, зиндагиашонро тоқатфарсо кардааст.

Ба болои ин, рӯзи 1 марти соли 2024 интиқоли барқ ба Душанбе ва навоҳии атрофи он барои қариб се соат қатъ шуд ва дар пайи ин, шабакаи гармидиҳӣ аз кор монд ва дар бисёре аз биноҳои бисёрқабата интиқоли об  низ қатъ гардид.

То ҳол на ширкати “Барқи Тоҷик” ва на вазорати энергетика ва захираҳои об сабаби қатъ шудани интиқоли барқро шарҳ надодаанд. Вале манобеи гуногун мегӯянд, ба далели якбора зиёд шудани истифодаи нирӯи барқ дар ин рӯзҳои сард яке аз зеристгоҳҳои нирӯгоҳи Норак ба чунин фишори зиёд тоб наоварда, дучори садама шудааст.

Ба мушкили бебарқиву беобӣ дар Душанбе роҳҳои пурбарфи пойтахт мушкили бештаре зам кардааст. Шаби 1 ба 2 марти соли 2024 бо супориши шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ кормандони як қатор муасиссаҳои давлатӣ ба тоза кардани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт сафарбар карда шуданд.

 Аз ҷумла маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри чанд акс хабар дод, ки шаби гузашта, аз соати 01:00 то соати 09:00 субҳи шанбе, 2 март, тақрибан тамоми кормандон ва қувваву воситаҳои ин кумита бо дастури Рустами Эмомалӣ барои  тоза кардани гулгашту хиёбонҳои шаҳр ва дарахтон аз барфи шадид равон шуданд.

Чанде аз фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла журналистон Субҳон Ҷалилов ва Зайнаб Ҳусейнова низ бо нашри видеоҳо дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки шаби гузашта барои кӯмак ба роҳрӯбон ба кӯчаву хиёбонҳо баромадаанд. Дар ин видеоҳо дида мешавад, ки фаъолон белҳои барфрӯбӣ дар даст дар канори роҳрӯбон ба тоза кардани кӯчахову роҳҳо аз барф машғул шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button