ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

ШАШУНИМ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МАНСАБДОРЕ, КИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОРАШ КАРДА БУД (ВИДЕО)

Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ноҳияи Восеъ ба 6 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора рӯзи 12 феврали соли 2024 додситони ноҳияи Восеъ Абдулҳай Бегаҳмадзода дар нишасти хабарии ҳукумати ин ноҳия хабар дод. Додситони ноҳия дар бораи парвандаи зидди мансабдори дар гузашта баландпоя тафсилоти зиёд надод ва танҳо гуфт, ки парванда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи ҳукми айбдоркунӣ ба додгоҳ супурда шуд ва додгоҳ Худоёрзода Алихон Қурбонро ба шашуним соли зиндон маҳкум кард.

Бегаҳмадзода дар бораи бар асоси кадом модда ё моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷамъбаст шудани парвандаи муовини собиқи раиси ноҳияи Восеъ ягон маълумот надод, вале моҳи феврали соли 2023, дар пайи боздошти ӯ дар додситонии ноҳияи Восеъ гуфта буданд, ки нисбат ба Худоёрзода ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ (банди 316-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд.

Алихон Худоёрзода, ки ҳоло 58 сол дорад, аз соли 2017 то замони боздошташ дар моҳи феврали соли 2023 муовини раиси ноҳияи Восеъ буд ва дар ин мақом умури сохтмон ва ҳамчунин раёсати комиссияи тақсими қитъаҳои заминро дар даст дошт.

Абрҳои сиёҳ болои сари Алихон Худоёрзода вақте ҷамъ шуданд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як сол пеш дар мулоқот бо раҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, ки дар ноҳияи Данғара доир шуда буд, бо изҳори нигаронӣ аз фурӯши рӯиросту бепардаи қитъаҳои замин дар ҷануби ҷумҳурӣ гуфт, хабарҳо дар бораи ба чӣ корҳое даст задани муовини раиси ноҳияи Восеъ ҳатто то ба дасти ӯ омада расидаанд. Эмомалӣ Раҳмон он вақт номи Худоёрзодаро нагирифт, вале супориш дод, то нисбат ба муовини раиси ноҳияи Восеъ ва дигар мансабдороне, ки ошкор заминфурӯшӣ карда истодаанд, парванда бикушоянд.

Тақсими қитъаҳои замин дар  Тоҷикистон, ки суръати афзоиши аҳолиаш дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама болост, яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада ва ба эътирофи худи мақомот, масъалаи №1 ба шумор меравад. Ҳар сол даҳҳо мансабдори хурду миёнаи тоҷик бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир мешаванд ва аксари ин ҷиноятҳои корруписонӣ марбут ба тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин аст.

Аз мансабдорони баландпоя барои заминфурӯшӣ яке Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб аст, ки соли 2020 ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Сӯҳроб Раҳимов соли 2021 низ бо чунин иттиҳом дастгир шуд, вале бо пардохти 72 ҳазор сомонӣ ҷарима аз толори додгоҳ озод карда шуд. Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ноҳияи Восеъ инак сеюмин мансабдори баландпоя аз минтақаи Кӯлоб аст, ки барои заминфурӯшӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонда шуд.

Худи ӯ, вакили мудофеъ ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button