ВидеоИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

800 МИЛЛИОН ПУЛИ АНДОЗ КУҶОСТ? ИНТИҚОДИ “ХОВАР” АЗ САТҲУ СИФАТИ ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗҲО

Хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон – Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” рӯзи 25 январи соли 2024 дар як гузориш дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки рӯзи 24 январ доир шуд, ба сурати барои матбуоти расмии Тоҷикистон хеле камсобиқа ба ҷои зикру тавсифи маъмулии дастовардҳо, мавзӯи дар соли гузашта ба буҷаи давлат ворид нашудани садҳо миллион сомонӣ пули андозро доман задааст.

“Ховар” бо истинод ба хадамоти матбуоти президент менависад, ки дар соли сипаригардида аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо танҳо аз ҷониби андозсупорандагони азим ба буҷети давлат 170 миллион сомонӣ ворид нашудааст.

Дар ин давра аз ҷамъиятҳои саҳомии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 17,4 миллион сомонӣ, «Тоҷиктелеком» 12,7 миллион, «Талко Голд» 18,4 миллион сомонӣ, Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 5,5 миллион сомонӣ, ширкатҳои мобилӣ 192 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо воридоти андозҳо таъмин нашудааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи ҳукумат ҳамчунин аз иҷро нашудани нақшаи андоз аз захираҳои табиӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст: “Соли 2023 бо вуҷуди дар сатҳи 103,5 фоиз иҷро шудани нақшаи даромади буҷаи давлатӣ сифатнокии он аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи андоз аз захираҳои табиӣ дар ҳаҷми 217 миллион сомонӣ таъмин нагардид, ки ин андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд”.

Инчунин, менависад АМИТ “Ховар”, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо ташвишовар мебошад. Барои мисол, нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳри Роғун 20,2 фоиз ва дар ноҳияи Дарвоз 8,4 фоиз таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷа 38,4 миллион сомонӣ ворид нашуд.

Ҳамчунин дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 9 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои намудҳои алоҳидаи андоз таъмин нагардидааст ва аз ин ҳисоб беш аз 200 миллион сомонӣ маблағ ба буҷаи давлат ворид нашудааст.

“Ховар” дар гузоришаш меафзояд: “Бо вуҷуди супоришҳои такрорӣ доир ба кам намудани бақияпулиҳои андоз ҳаҷми он ба ҳолати аввали соли 2024 ба 806 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли гузашта 77,5 миллион сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд гардидааст. Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар вилояти Хатлон 166 миллион сомонӣ, вилояти Суғд 59 миллион, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,5 миллион, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 105 миллион, шаҳри Душанбе 40 миллион ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 433 миллион сомониро ташкил медиҳад”.

Гуфта мешавад, президент Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат ба вазорати молия супориш додааст, ки якҷо бо Кумитаи андоз, мақомоти маҳаллӣ ва корхонаҳо иҷрои босифат ва пурраи қисми даромади буҷаро дар соли 2024 таъмин намоянд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави даромад ба буҷа, кам намудани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав тадбирҳои муассир андешанд.

Аммо “Ховар” дар гузоришаш дар бораи коррупсия ҳамчун як омили то ба буҷаи давлат нарасидани садҳо миллион сомонӣ пули андозу боҷу хироҷ ва пардохтҳои дигар чизе нагуфтааст.

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон ва АМИТ “Ховар” аз сатҳи ҷамъоварии андозҳо дар ҳолест, ки бино ба ҳисоботи раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар ҷаласаи васеи ҳукумат, соли 2023 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,8 млрд. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 млрд. 720,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо, ба гуфтаи Давлатзода, дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 104,8%, вилояти Хатлон 105,1%, вилояти Суғд 104,5%, шаҳри Душанбе 104,8% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100,9% таъмин карда шудааст.

Давлатзода Нусратулло Муқим яке аз кадрҳои ғарқнашавандаи ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ15 январи соли 1962 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омада, аз 16 январи соли 2009, инак беш аз 15 сол боз раҳбарии Кумитаи андози Тоҷикистон, яке аз мансабҳои аз ҳама “равғанӣ” дар ҳукумати ин ҷумҳуриро дар даст дорад. Интиқодҳо аз Давлатзода дар ҳолест, ки ахиран дигарбора сарусадоҳое дар бораи эҳтимоли аз ин вазифа рафтани ӯ пайдо шудааст. Вале гуфтанист, ки чунин овозаҳо чандин сол боз пайдо мешаванд, вале ба Нусратуллло Давлатзода муяссар мешавад, ки ҳифзи курсиро барои худ боз “таъмин кунад”.

Возможно, это изображение 3 человека и Овальный кабинет

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Давлат нусрат я корупсионери номери як тамоми вазифаҳоро ба хешу табор ёру дустҳо арусҳои бешумор тақсим кадай тамоми шахсони вобаста ба назорати андозро мутаҳам кадагия то даже тамоми дастгоҳи ҳукумати ҶТ ва вакилонро бо пули дузди мутаҳам кадагияй агар воқеан я комисияи поквиҷдон бошад ҷои и дузди фасоди зинокор тюрмаҳай ма бовари дорум дилхоҳ устоди донишгоҳ ай ида нақшаро бисёртар ғун мекунад наход я дузд 20 сол боз ивазнашаванда бошад

  2. Зарбулмасалҳои мардумӣ:
    1)-“Чӯб агар каҷ бошад, сояш чаро рост бошад!”
    2)-“Чу дӯзде бо чароғ ояд, ҳадди ғорат биафзояд!”
    3)-“Дӯзди зӯр, соҳиби говро бастааст!”
    4)-“Андоз ҳам андоза дорад!”
    5)-“Вор не тот кто ворует, а тот кто попался!”

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button