ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

“СНАРЯД ДАР ДАСТАШ КАФИД…” ҲАЛОКАТИ ЯК ҶАВОН АЗ ТАРКИШИ ГУЛӮЛА ДАР ШӮРОБОД

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Фазлиддин Сангов, як ҷавони 21-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара аз таркиши гулӯла (снаряд) ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Ризо Умар, раиси ҷамоати деҳоти Шӯрободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 16 майи соли 2023 ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Раиси ҷамоат гуфт, Фазлиддин Сангов рӯзи 6-уми майи соли равон ҳамроҳи бародар ва се рафиқаш вақти  сайругашт дар куҳ снаряди нокафидаро пайдо мекунанд ва он дар дасти марҳум мекафад.

“Ҳарчанд ҳамроҳонаш ба ӯ мефаҳмонанд, ки ба он даст нарасонад, вале ӯ снарядро ба даст мегирад ва он дар дасташ мекафад, Фазлиддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, – шарҳ дод Ризо Умар.

Ҷасади Фазлиддин Санговро 7-уми майи соли равон дар қабристони деҳаи Хоҷағалтон, зодгоҳаш ба хок супориданд.

Фазлиддин Сангов ятими кул буда, соле пеш дар пайи як ҳодиса падар ва модари ӯ ба ҳалокат расида буданд.

Ризо Умар мегӯяд, масъулини додситонии ноҳия дар пайи ин қазия бо шоҳидон гуфтугӯ карда, баёноти онҳоро гирифтаанд, вале парвандаи ҷиноятӣ боз нагардидааст.

Тибқи хулосаи онҳо, ҳодиса аз беэҳтиётӣ рух додааст. 

Назари шоҳидон ва мақомот маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст ва то ба ҳол гулӯлаҳои маргбор дар ин минтақа дида мешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки заминҳоро аз снарядҳо тоза кардаанд, вале сокинони маҳаллӣ аз кафидани онҳо ҷон мебозанд.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button