ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

“КАСЕ РИСК КАРДАНӢ НЕСТ…” МАСКАВ ЭЪТИРОФ КАРД, КИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ШОЯД БА ТАҲРИМОТИ ЗИДДИ РУСИЯ ҲАМРОҲ ШАВАНД (ВИДЕО)

Ҷонишини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин рӯзи 16 майи соли 2023 дар як анҷумани бахшида ба Осиёи Марказӣ дар чорчӯби клуби мубоҳисавии “Валдай” гуфт, эҳтимоли пайвастани кишварҳои Осиё миёна ба таҳримҳо алайҳи Русия зиёд аст. Ӯ афзуд, ки “баъзе аз кишварҳои Осиё миёна аз ба дӯш гирии масъулиятҳо тарсида, омодаанд, то аз чораҳои маҳдудкунандаи Ғарб пайравӣ кунанд”.

Вале ба иддаои ин мансабдори рус, гӯё “он кишварҳои минтақа, ки таҳримҳои ғарбиро риоя намекунанд, аз риоя карданашон дида, зарари зиёдтар хоҳанд дид”.

Ӯ шарҳ надодааст, ки чӣ гуна риоя намудани таҳримоти кишварҳои Ғарбӣ бар зарари кишварҳои Осиё Миёна анҷом мешавад?

Ҳамчунин  Галузин қайд намуд, ки “Маскав ба сиёсатҳои пешгирифтаи дохилӣ ва хориҷии кишварҳо коре надорад, то он замоне, ки онҳо бе восита мухолифи ӯҳдадориҳои мутақобилаи тарафайн дар доираи созмониҳои ОДКБ, СНГ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё набошанд”.

Ин мансабдори баландпояи рус замоне ин ҳарфҳоро мезанад, ки дар аввали моҳи май, пойгоҳи Bloomberg хабар дода буд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ҷараёни  баррасии тарҳе аст, ки бар асоси он, нисбати кишварҳое, ки барои давр задани таҳримҳо ба Русия кӯмак мекунанд, чораҳои зарурӣ  андешида хоҳанд шуд. Дар Ғарб бар инанд, ки Русия то кунун барои пушти по задани таҳримоти ба зиддаш эълоншуда аз кишварҳои муттаффиқи худ, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сурати фаровон истифода мебарад.

Бино ба гуфтаи сардори Хадамоти федералии гумруки Русия, то охири соли 2022 Русия бо пушти по задани таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ тавонистааст дар умум ба маблағи 20 миллиард доллар маҳсулоти таҳти таҳримро вориди хоки кишвар кунад.

Рӯзномаи Financial Times менависад, ки аз аввали ҷанги зидди Украина, колоҳои аврупоӣ ба маблағи 2 миллиард доллар,  мебоист тавассути қаламрави Русия ба сурати транзит ба кишварҳое, чун Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мерасид, вале дар роҳ аз нисф зиёди ин маҳсулот “ғайб” зад. Дар Аврупо бар он назаранд, ки ин маҳсулот дар Русия боқӣ мондааст.

Амрико аз моҳи апрели соли 2023 нисбат ба чандин ширкати Хитой, Арманистон ва Ӯзбекистон маҳдудият ҷорӣ намуда, ба кишварҳое, чун Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон

огоҳӣ дода буд, ки дар ҳолати кумакашон ба Русия барои давр задани таҳримҳо, нисбат ба онҳо чораҳои ҷиддӣ меандешад.

Расонаҳои Тоҷикистон навишта буданд, ки дар се моҳи аввали соли 2023 Тоҷикистон содироти худро ба Русия панҷоҳ дарсад афзоиш додааст. Дар ин муддат Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 35,8 миллион доллар молу коло фиристодааст. Дар соли 2022 бошад содироти Тоҷикистон дар ҳамин давра ба  23,7 миллион доллар баробар буд.

Аз ҳама аҷиб он аст, ки дар семоҳаи соли 2023 маҳсулоте, ки Тоҷикистон асосан ба Русия мефиристод, аз қабили сабзавоту хушкмеваю пахта кам гардида, содироти технологияи муосир ва фанновариҳои нав, аз ҷумла чипҳову микросхемаҳо афзудааст, ки дар гузашта чунин молҳо аз Тоҷикистон ба Русия аслан содирот намешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Раиси Созмони Миллали Мухталиф гуяд:

    “Давидани гусола то каҳдон!”
    Кишварҳои хурд ба мисоли гусолае аст, ки то каҳдон медавад, фаротар аз он на тавонашро дорад, на иҷозат, на майл…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button