Минтақа ва ҷаҳон

ҶАББОРОВ ГУФТ, БА ҶӮРААШ ТОШИЕВ БАРОИ АЗ ӮЗБЕКИСТОН БАРГАРДОНДАНИ 19 ГЕКТАР ЗАМИН УНВОНИ ҚАҲРАМОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ДОДААСТ

Президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров), ки ҳанӯз санаи 1-уми сентябри соли 2022 ба роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Қамчибек Тошиев олитарин рутбаи давлатӣ, “Қаҳрамони Қирғизистон” дода буд, тоза акнун, бо гузашти 8 моҳ далелҳои ба ин унвони олӣ сарфароз гардондани ин дӯсти наздикашро шарҳ дод.

Дар Тоҷикистон бисёриҳо нисбат ба Қамчибек Тошиев назари манфӣ доранд ва бар инанд, ки баъди расидани ӯ ба мақоми раиси КДАМ Қирғизистон задухӯрдҳои хунин дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон шиддату доманаи бештар пайдо кард.

Ҷабборов рӯзи 12 майи соли 2023 дар суҳбат бо номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаи Ленин гуфт: “Ман Тошиевро маҳз барои баргардонидани заминҳои Қирғизистон аз зери дасти  Ӯзбекистон бо унвони “Қаҳрамони Қирғизистон” сарфароз гардонидам. Медонам, бисёриҳо он замон гуфта буданд, ки президент шиносбозӣ намуда, рафиқи худро ба ин унвони олӣ сарфароз намуд, вале ин тавр нест. Интизор шавед, вақт ҳама чизро нишон медиҳад”.

Бино ба гуфтаи раисҷумҳури Қирғизистон,  сардори КДАМ Тошиев дар тӯли якуним сол шабонарӯзӣ меҳнат намуда, чандин маротиба ба Тошканд сафар карда, бо мансабдорони ӯзбек баҳсҳои тезу тунд намудааст. Ҳатто, ба гуфтаи ӯ, кор то ба ҷое расидааст, ки “ҷонибҳо ба сӯи ҳамдигар бастаҳои ҳуҷҷатҳоро партофта, аз алфози қабеҳ низ истифода намудаанд”.

“Маҳз барои ҳамин хизматаш, баргардонидани 19 гектар замини Қирғизистон дар минтақаи Ғавосой, ки соли 1956 СССР ба Ӯзбекистон соли 1956 аз они худ карда буд, ман ба Қамчибек Тошиев унвони қаҳрамонӣ додам, то ки хидматҳояш дар таърих нақш бибандад”,  афзуд роҳбари Қирғизистон. Аммо мухолифони ин тарҳ Тошиев ва Ҷабборовро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекунанду мегӯянд, ки заминҳои Қирғизистонро ба Ӯзбекистон дод.

Моҳи сентябри соли 2022, дар фармони додани унвони қаҳрамонӣ ба Тошиев гуфта мешуд, ки “Тошиев сулҳро байни ду халқ пойдор намуда, аз ҷангу хунрезиҳо пешгирӣ намуд”.

Ҳамчунин Содир Ҷабборов он замон гуфта буд, ки “роҳбари КДАМ дар ҳоле, ки кишвар дар остонаи ба порчаҳо тақсим шудан буд, мардонагӣ нишон дода, якпорчагии Қирғизистонро ҳифз намуд”. Вале президенти Қирғизистон шарҳ надод, ки кадом хатар он замон вуҷуд дошту, кӣ мехост Қирғизистонро ба порчаҳо тақсим кунад?

Бояд ёдовар шуд, ки дар охири соли 2022 роҳбарони Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо имзои санадҳо, марзи миёни ду кишварро пурра таъйин аломатгузорӣ намуданд.

Вале имзои ин санад ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Ӯзбекистон норозигии ҷомеаро ба бор овард ва ҳам дар Қирғизистону ҳам дар Ӯзбекистон шахсони норозӣ аз тасмими гирифтаи ҳукуматҳоро боздошт намуданд, ки ин қазия дар матбуот бо номи “парвандаи Кампиробод” маъруф аст. То ба ҳол чандин тан аз мухолифони ин қарордод дар Қирғизистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанду мурофиаи додгоҳии баъзе онҳо идома дорад.

Ном баровардани ин қазия бо “парвандаи Кампиробод” аз ин ҷо сарчашма мегирад, ки аз рӯи шартномаи имзошуда, замине, ки дар он обанбори “Кампиробод”  (дар Ӯзбекистон онро обанбори “Андиҷон” ном мебаранд) сохта шудааст, бояд қаламрави Ӯзбекистон дониста шуда, худи обанборро ҳарду кишвар муштаракан 50 ба 50 истифода баранд. Бар ивази замине, ки дар он обанбор қарор дораду ба Ӯзбекистон дода шуд, дар дигар нуқтаҳои марзӣ, баъзе заминҳои Ӯзбекистон ба Қирғизистон дода шуд. Вале бархе шаҳрвандони Қирғизистон Тошиев ва Ҷабборовро  барои ин муомила ба ватанфурӯшӣ айбдор мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки ҳамагӣ ду ҳафта баъди додани унвони “Қаҳрамони Қирғизистон” ба Тошиев,  аз 14 то 18 сентябри соли 2022 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон задухӯрдҳои сангине рух дод, ки дар ҷараёни он, аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шуданд. Тошиев дар шурӯи ин муноқиша Тоҷикистонро гунаҳкор кард. Дар Тоҷикистон ангушти иттиҳом ба сӯи Тошиев баланд мекунанд ва ӯро сабабгори нооромиҳои солҳои охир дар марзи ду кишвар мешуморанд.

Генерал-лейтенант Тошиев Қамчибек Хидиршоевич 27-уми сентябри соли 1968 дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон таваллуд шуда, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Томски Русияро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм намудааст. Ӯ дар солҳои 90 соҳибкорӣ мекард ва дар солҳои 2000ум ба сиёсат рӯ овард ва солҳои 2005 – 2007 вакили парлумони Қирғизистон, аз соли 2007 то соли 2009  вазири ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар буд, вале ба сабаби ихтилоф бо сарвазири вақти Қирғизистон аз мансаб рафт.

Тошиев пас аз ҳодисаҳои соли 2010 ва ташкили ҳукумати нав, мансаби волии вилояти Ҷалолободро рад намуда, дигарбора вакили парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Тошиев як муддат ҳамроҳ бо президенти кунунӣ Содир Ҷабборов бо ҷурми ташкили нооромиҳо ва кӯшиши ғасби ҳукумат дар ҳабс низ қарор дошт.

Тошиев дӯсти наздики Собир Ҷабборов ба шумор меравад ва билофосила баъди ба қудрат расидани Ҷабборов дар моҳи октябри соли 2020 дар ҳукумати ӯ раиси КДАМ таъйин шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button