АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонЧеҳраҳо

КУШТА ШУДАНИ ФАРМОНДЕҲИ ҶАБҲАИ ОЗОДӢ АКМАЛ АМИРӢ РАСМАН ТАСДИҚ ШУД

Ҷабҳаи озодии Афғонистон, яке аз ҷиноҳҳое, ки ба зидди режими нави Толибон мубориза мусаллаҳона мебарад, рӯзи 16 апрели соли 2023 бо нашри як баёния баъди чанд рӯзи гузоришҳои зидду нақиз хабари кушта шудани фармондеҳи аршадаш Акмал Амириро тасдиқ кард ва гуфт, “қумандон Амирӣ дар як набард бо нирӯҳои Толибон дар Соланги ҷанубӣ ба шаҳодат расид”.

Ҷабҳаи Озодӣ дар изҳороташ Толибонро маҳкум кардааст, ки бо гузашти қариб як ҳафта ба ҷуз аз ҷанозаи Наими Солангӣ, ҷанозаҳои кушташудаҳои дигарро то ҳол ба наздиконашон надодааст. Толибон бо вуҷуди таҳвили ҷанозаи он як нафар аз кушташудаҳои Ҷабҳаи Озодӣ ба наздикони Наими Солангӣ иҷозат надодаанд, ки ӯро бо ташйеъи намози ҷаноза ба хок бисупоранд.

Қаблан гузоришҳое ба даст расида буданд, ки 8 тан аз аъзои аршад ва нирӯҳои Ҷабҳаи озодӣ шаби 10 апрели соли 2023, дар ҳоле ки аз Эрон бармегаштанд,  бино ба бархе хабарҳо, дар минтақаи Ҷабал-ул-Сироҷ дар ҷануби Соланг, ки дар байни вилоятҳои Панҷшеру Парвон ҷойгир шудааст,  бино ба хабарҳои дигар,дар минтақаи Шатели дараи Панҷшер ба шабехуни ҷангҷӯёни Толибон дучор шуда, ба ҳалокат расиданд.

Бино ба гузоришҳо, дар он шабехун Акмал Амирӣ ва Басири Андаробӣ, ду фармондеҳи Ҷабҳаи озодии Афғонистон, як гуруҳе, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад, кушта шуданд.

Вазорати мудофиаи “Толибон” қаблан бо интишори иттилоияе гуфт, ки “амалиёти низомӣ алайҳи Ҷабҳаи озодӣ аз тарафи гурӯҳи “221-и Шаҳид Офтоб” дар Соланг анҷом шуда, дар натиҷаи он Акмал Амирӣ ба 8 тан аз ёронаш кушта шуданд”.  Аммо дар ин иттилоия ба Басири Андаробӣ ишора нашуда буд ва “Толибон” дар бораи талафоти нерӯҳои худ дар ин даргирӣ чизе нагуфтанд. “Толибон” ягон акс ва ё видеоро аз маҳалли даргирӣ низ нашр накарданд ва танҳо як акси Акмал Амириро, ки дар тан либоси низомии артиши собиқи Афғонистонро дошт, нашр намуда, ин фармондеҳ ва ҳамразмонашро “бағоватгар” хондаанд.  “Толибон” мухолифини мусаллаҳи худро “бағоватгар”, яъне шӯришгар ном мебаранд.

Ва аммо сухангӯи Ҷабҳаи озодӣ дар гуфтугӯ бо бахши форсии BBC гуфта буд, “дар ин даргирии 28-соата дар минтақаи Кукломи Соланг 32 узви “Толибон” низ кушта ва дасти кам 20 террористи дигар захмӣ шуданд”.

Аз кушта шудани Басири Андаробӣ, Абдулҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи тоҷиктабори “Толибон”, ки аз Панҷшер асту ҳоло ба унвони волии  ноҳияи Аҳмадободи вилояти Пактиё фаъолият мекунад, низ ба сомонаи форсии нашрияи бритониёии “Индепендент”  хабар дода буд.

Вале Ҷабҳаи озодӣ қаблан расман танҳо кушта шудани танҳо Басири Андаробӣ бо се муҳофизашро таъйид карда буд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки чандин гуруҳҳову шахсиятҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Салоҳиддин Раббонӣ, писари Бурҳониддин Раббонӣ, раҳбари як ҷиноҳи Ҳизби ҷамъияти исломӣ, Раҳматуллоҳ Набил, роҳбари истихбороти ҳукумати пешини Афғонистон, ва даҳҳо тани дигар кушта шудани Акмал Амириро таслият гуфта буданд.

Басир Андаробӣ

Ҷабҳаи озодӣ баъд аз суқути Кобул ба дасти “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 аз тарафи генерали Урдуи қаблии Афғонистон Ёсин Зиё, ки муовини вазири мудофиа буду ҳамчунин чанд муддат ба унвони раиси ситоди артиш (генштаб) иҷрои вазифа мекард, ташкил карда шуд.

Ёсин Зиё ҳамагӣ чаҳор моҳ қабл аз суқути Кобул аз тарафи раисҷумҳури вақти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз вазифа барканор шуда буд. Ҷабҳаи озодӣ дар моҳи феврали соли 2022 бо чанд силсила ҳамлаҳои худ ба қароргоҳҳои “Толибон” дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Парвон аз ҳастии худ хабар дод. Аъзои ин ҷабҳа асосан аз низомиёни урдуи ҳукумати қаблии Афғонистон иборатанд.

Акмал Амирӣ ва Басири Андаробӣ низ аз низомиёни ҳукумати қаблӣ буданд. Акмал Амирӣ дар вилояти Каписо таваллуд шуда, академияи низомии ба номи маршал Фаҳимро дар Кобул хатм намудааст. Ӯ то суқути Кобул масъули амалиётҳои вижаи нерӯҳои махсуси артиши Афғонистон буд. Басири Андаробӣ низ аз афсарони нирӯҳои вижаи артиши Афғонистон буда, як бор то суқути Кобул дар набарде  бо “Толибон” дар Андароб захмӣ шуда буд. Аммо баъдан дубора ба гурӯҳи зидди Толибон пайваст.

Кушта шудани ду фармондеҳи Ҷабҳаи озодӣ зарбаи сахте ба ин ҷабҳа  ва он набарди ахир пурталафоттарин ҷанг барои Ҷабҳаи озодӣ аз замони таъсиси он дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button