Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

СОКИНИ ВАҲДАТРО БАРОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ СОХТАНИ ГАРАЖ ҶАРИМА БАСТАНД

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат сокини ин минтақа Сафарзода Афзалшоҳ Асомиддинро бар асоси қисми дуюми моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда гунаҳкор шинохта, ӯро ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7480 сомонӣ ҷарима баст.

Худи ин сокини Ваҳдат барои шарҳи қазия дастрас нест, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1 апрели соли 2023 дар шарҳи ин парванда гуфт: “Сафарзода Афзалшоҳ Асомиддин, сокини шаҳри Ваҳдат бархилофи талаботи моддаи 2-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни қарори раиси шаҳр ва шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин худсарона майдони умумии 28.6 метри мураббаъ қитъаи замини мансуб ба заминҳои истифодаи умумро ғасб намуда, ғайриқонунӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ таҳкурсии бетонӣ рехта, бо хишт истгоҳи автомобилӣ сохтааст”.

Додситони шаҳри Ваҳдат нисбат ба Сафарзода А.А. бар асоси моддаи 338, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол кард.

Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Ваҳдат Сафарзода А.А. дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 338 қисми 2 нишондодашуда гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7480 сомонӣ таъин карда шудааст.

Қисми дуюми моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Дар бораи сарнавишти гаражи алакай сохташуда ягон маълумот дода нашудааст. Вале маъмулан мақомот шаҳрвандонро маҷбур мекунанд, ки сохтмонҳои ғайриқонуниро “ба ҳолати аввалааш баргардонанд”, яъне чаппа кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button