ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ЯК ҶАВОН АЗ ХОРУҒ БАРОИ САРКАШӢ АЗ ХИДМАТИ ҲАРБӢ БА ЯК СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Хоруғ сокини ин шаҳр Комилов Сорбон Арабшоевичро бар асоси қисми якуми моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар саркашӣ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ гунаҳкор дониста, ба як соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Худи Сорбон Комилов ва наздиконаш барои шарҳи ин қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар гузорише, ки иттифоқан рӯзи 1 апрели соли 2023, дар рӯзи оғози мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ нашр кард, гуфт, Сорбон Комилов “бе сабабҳои узрнок” ба нуқтаи даъват ҳозир нашудааст.

Додситонӣ мегӯяд: “18 марти соли 2022 кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ даъватшаванда Комилов Сорбон Арабшоевичро дар асоси даъватнома бо мақсади ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ ҷиҳати гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар санаи 19 марти соли 2022 баҳри сафарбар намудан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват намудаанд. 1 апрели соли 2022 бо гузаштан аз комиссияи тиббии нуқтаи даъвати вилоятии комиссариати ҳарбии ВМКБ Комилов С.А. қасдан аз ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ баҳри сафарбар гардидан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намуда, бе сабабҳои узрнок ба нуқтаи даъват ҳозир нагардидааст”.

Додситонӣ ёдовар шудааст, ки тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озод шудан ё мавқуф гузоштани хизмати ҳарбиро надоранд, даъват карда мешавад.

“Комилов С.А. бо гирифтани даъватномаҳои Комиссариати ҳарбӣ ва даъвати чандинкаратаи масъулин қасдан бе сабабҳои узрнок дар муҳлатҳои таъиншуда аз ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ баҳри гузаштан аз муоинаи комиссияи тиббӣ ва сафарбар гардидан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст”, – таъкид кардааст додситонӣ.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябру ноябр сурат мегирад.

Ҳар сол Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан ба 15 ило 16 ҳазор навсарбоз эҳтиёҷ доранд. Аммо бо вуҷуди онки дар Тоҷикистон тақрибан 700 ҳазор ҷавонони синну соли даъватӣ ба сар мебаранд, комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳар мавсим дар иҷрои нақшаи даъват мушкил мекашанд.

Хабари барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ба як соли зиндон маҳкум шудани сокини маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳолест, ки шаҳри Хоруғ ва ҳамаи ноҳияҳои ин вилоят аз соли 2018 ба ин тараф дар ҳар мавсими даъват алакай дар рӯзи аввал аз иҷрои нақшаи худ гузориш медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button