АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР АЛМА-АТО БО БЕШ АЗ 100 КИЛО ҲЕРОИН БА ДАСТ АФТОДААСТ (4 АКС)

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки дар натиҷаи як амалиёти муштараки мақомоти вижаи Қирғизистону Қазоқистон дар шаҳри Алма-Ато ташкилкунандаи як масири бузурги қочоқи маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон К.О.А., соли таваллудаш 1986 дастгир шуд. Аз ӯ беш аз 100 кило ҳероин дарёфт ва мусодира кардаанд. Нархи ин миқдори маводи мухаддири ёфтшуда дар бозори сиёҳ 1 миллиону 190 ҳазор доллар баровард мешавад.

Бино ба иттилоияи маркази матбуоти ВКД Қирғизистон, дар натиҷаи коркарди тӯлонии иборат аз чанд марҳала ва тадбирҳои бомаслиҳати кормандони Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (СБНОН)-и ВКД ва КДАМ Қирғизистон ва Кумитаи амнияти миллии Қажзоқистон амалиёти махсуси байналмилалӣ ҷиҳати аз байн бурдани фаъолияти як синдикати байналмилалии қочоқи маводи мухаддир баргузор карда шуд. Ин синдикат, ба гуфтаи мақомот,  ба интиқол ва фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддири сохти Афғонистон аз тариқи қаламрави Қирғизистон машғул будааст.

Маркази матбуоти ВКД Қирғизистон дар шарҳи натиҷаҳои ин амалиёт гуфт:   “Ҳангоми интиқол ва нигоҳдории беш аз 100 кило маводи мухаддири навъи “ҳероин” дар қаламрави шаҳри Алма-Ато ташкилкунандаи ин масири қочоқи маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон К.О.А., соли таваллудаш 1986 дастгир гардид. Барои муайян кардани аъзои дигари эҳтимолии ин наркосиндикат чорабиниҳои муштараки минбаъда давом доранд”.

Тафсилоти дигари амалиёт дар Алма-Ато, ки ба боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо беш аз 100 кило маводи мухаддир анҷомид, оварда нашудааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” (ҳероин, афюн ва ҳашиш) аз он сӯи Омӯ ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра табдил ёфтааст. Ҳар сол мақомоти Тоҷикистон беш аз ду тонна маводи мухаддир, асосан тавлиди Афғонистонро мусодира мекунанд.

Бино ба ҳисобҳо, то 2 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар зиндонҳои Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар бо ҷурмҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд. Як бахши аъзам аз беш аз 10 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои худи Тоҷикистонро низ онҳое ташкил медиҳанд, ки барои қочоқи маводи мухаддир ба даст афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Профессор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак!
    Аммо, ин бор, ки бо 100-кило дастгир шуд, ҳадди ақал то ин дам чандин бор 5,10,15,20-килоӣ интиқол додааст. Шояд худаш ҳам эътироф мекунад!!! Вале 100-кило нишон медиҳад, ки хадамотҳои вижаи қирғизу қазоқ дар ин бизнес саҳм доранд. Аз чунин “бизнесҳо” сокинони наздисарҳадӣ бештар зарар хоҳанд дид, вагарна ҷангҳои бемаънӣ дар Ворух аз чӣ бошад??! Мисли “картел”-ҳои мексика

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button