ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛМОН БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ДОИШ АЙБДОР МЕШАВАД

Додситонии кулли Ҳамбург дар шимоли Олмон рӯзи 1 марти соли 2023 хабар дод, ки як марди 29-солаи зодаи Тоҷикистонро ба узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ва миёнаравӣ барои маблағгузории он айбдор мешавад. Додситонӣ гуфт, ин марди тоҷик талош кардааст, то ба пайравони дар Ироқу Сурия дастгиршудаи ДОИШ кумаки молиявӣ расонад.

Нашрияи немисии “Hamburger Abendblatt” бо такя ба додситонии Ҳамбург менависад:  “Ҳадафи ӯ аз ҷумла кумак ба занони бевамонда ва фарзандони ятиммондаи аъзои кушташудаи ДОИШ, аз ҷумла занони зиндонишудаи ҷангҷӯён будааст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар аввали соли 2020 бо маҳбусон ва ҳамчунмин бо маблағгузорон бо ҳадафи роҳандозии ин кумакҳо дар тамос буд”.

Бино ба иттилои нашрияи русзабони чопи Олмон “Aussiedlerbote”, ки ин нашрия ҳам ба иттилои додситонии Ҳамбург такя мекунад, “марди зодаи Тоҷикистон дар устони Мекленбург –Померания дар шимоли Олмон зиндагӣ мекунад ва дар боздошт қарор надорад”.

Додситонӣ гуфтааст, аслё презумпсияи бегуноҳӣ нисбат ба ин ҷавони тоҷик танҳо то замони анҷоми тафтишу муҳокимаи парвандааш амал мекунад. Агар додгоҳ ӯро дар пуштибонии молиявии терроризм гунаҳкор шуморад, тибқи қонунҳои Олмон, ба ин ҷавони тоҷик аз 1 то 10 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Ин ягона мавриди ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротию террористии назири ДОИШ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон дар Олмон нест.

Баҳори соли 2021 5 зодаи Тоҷикистонро дар Олмон дастгир карда, як шарики дигари онҳоро аз Албания оварданд. Ин афрод ба қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Олмон бо дастури ДОИШ, қасди куштани як дигарандеши эронӣ, ки Худоро инкор мекард, ва талоши дар ивази пул куштани як тоҷири албанӣ айбдор мешуданд. Гуфта мешуд, онҳо барои он куштани тоҷири албаниро ба уҳда гирифтаанд, то ки пули аз фармоишгари қатли ӯ бадастовардаро барои иҷрои фармонҳои дигари ДОИШ сарф кунанд.

Ин зодагони Тоҷикистон аз ҷониби додгоҳи Олмон маҳкум ба зиндон шуда, ду нафари онҳо моҳи январи соли 2023, дар пайи адои беш аз нисфи ҳукмашон дар зиндони Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Иттифоқан онҳоро дар ҳамон ҳавопаймое бурданд, ки дар он Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз роҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Шамсиддин Саидро низ аз Олмон ихроҷ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button