Рӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ТАРМА ВА ЯК САНГРЕЗ ДАР БАДАХШОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 3 феврали соли 2023 ба сабаби боришоти шадид ва гармшавии рӯзҳои охир дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанд ҳолати фурӯ рехтани тармаҳо ва сангрез рӯй додааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи ҷумъа, 3 феврал, дар километрҳои аз 51 то 53-юм дар роҳи мошингари Рӯшон – водии Бартанг ва ҳам дар километри 474-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон тармаҳо фурӯ рехта, боиси масдуд шудани роҳҳо шудаанд. Тозакунии қисматҳои тармазадаи роҳ идома дорад.

Ҳамчунин дар километри 310-уми шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз санги зиёд ба рӯи роҳ фурӯ рехтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ба хотири таъмини амнияти ронандагон дар шароити зимистон ва расондани кумакҳои оҷил дар ҳолатҳои фавқулодда дар қисматҳои гуногуни шоҳроҳҳои асосии ҷумҳурӣ наҷотбахшони ин Кумита навбатдорӣ ташкил кардаанд.

Кумита бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки аз сафару сайругашт ба манотиқи хатарнок ҳадалимкон худдорӣ карда, ҳангоми сафар хеле ҳушёр бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button