ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

АБДУВАЛӢ АҲМАДАЛӢ, КУҶОЕД! ИН ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЛОТЕРЕЯ ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР БУРДААСТ!!!

Як зодаи Тоҷикистон бо номи Абдувалӣ Аҳмадалӣ дар нашри навбатӣ ва 413-уми лотереяи “Dubai Duty Free Millennium Millionaire” барандаи ҷоизаи асосӣ: як миллион доллар шуд! Қуръакашии ин нашри лотерея рӯзи 1 феврали соли 2023 дар терминали дуюми фурудгоҳи байналмилалии Дубай, бузургтарин фурудгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб доир шуд.

Хабари барандаи як миллион доллар ҷоизаи асосии лотереяи ин фурудгоҳ шудани Абдувалӣ Аҳмадалӣ дар сомонаи расмии фурудгоҳи байналмилалии Дубай нашр шудааст.

Дар бораи шахсияти Абдувалӣ Аҳмадалӣ то ҳол иттилои зиёде дар дастҳо нест. Нашрияи англисизабони “GulfNews” хабар дод, ки ин зодаи Тоҷикистон то ҳол аз худ дарак надодааст, вале ҳар вақти дилхоҳ метавонад ба маъмурияти лотерея дар фурудгоҳи Дубай муроҷиат кунад ва бурди худро бигирад.

Бино ба иттилои ин нашрия, Абдувалӣ билети бурдовардаи лотереяро, ки рақамаш 4226 буд, рӯзи 16 январи соли ҷорӣ тавассути Интернет харидааст. Лотереяи фурудгоҳи Дубай, ки арзиши ҳар билеташ 1000 доллар аст, аз соли 1999 ба ин тараф гузаронда мешавад. То имрӯз намояндагони 49 кишвар дар ин лотерея ҷоизаи асосии иборат аз як миллион долларро бурдаанд. Вале Абдувалӣ Аҳмадалӣ нахустин тоҷик аст, ки дар лотерея як миллион доллар мебарад.

Дар қуръакашии рӯзи 1 феврал дар лотереяи фурудгоҳи Дубай  дар бахши “Сюрпризҳои зебо” Ясас Налин Патирана аз Шри-Ланка (Сарандеб) бо билети № 0906 барандаи мотосикли тамғаи “BMW R nineT Pure” ва тоҷири ҳиндустонӣ Амит Сараф соҳиби мошини гаронбаҳои “Mercedes Benz S500” шуданж. Патирана низ мисли Абдувалӣ то ҳол аз худ дарак надодааст, вале Амит Сараф ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ рӯзи 12 январ дар роҳи сафар ба Деҳлии нав, пойтахти Ҳиндустон бо сарфи 6 ҳазор доллар 6 лотерея харида буд. Амит Сараф аз бозигарони собиқадори лотереяи “Dubai Duty Free Millennium Millionaire” ба шумор рафта, 20 январи соли  2021 дар ин лотерея ҷоизаи асосӣ, яъне як миллион доллар бурда буд.

Баъди гирифтани бурдаш, Сараф аз Бангалори Ҳиндустон ба Дубай кӯчид ва ҳоло тиҷоратаро дар ин ҷо давом дода истодааст. Ӯ як ширкати фурӯши молҳо тавассути Интернетро мечархонад.

 “Дар вақташ бурд дар ин лотерея ба ман имкон дод, ки аз Ҳиндустон ба Дубай бикӯчам. Ман ин лотереяро яке аз беҳтарин имконот дар ҷаҳон мешуморам. Шодам аз он, ки имрӯз бахт инак бори дуюм ба рӯи ман хандид!” – изҳор дошт Амит Сараф дар суҳбат бо журналистон.

Фурудгоҳи байналмилалии Дубай (DXB)  дар вақташ бо сарфи 5,5 миллиард доллар дар минтақаи Аль-Қарҳуд, дар чоркилометрии ҷанубушарқи маркази таърихии Дубай сохта шуда, бузургтарин фурудгоҳи Иморот ва яке аз пурмусофиртарин фурудгоҳҳои дунё дониста мешавад. Соли 2017 тавассути фурудгоҳи Дубай 88 миллион мусофир парвоз карда, 2 миллиону 650 ҳазор тонна бор кашонда шудааст. Ҳар рӯз аз ин фурудгоҳ беш 1000 ҳавопаймо, яъне тақрибан ҳар дақиқа то як ҳавопаймо,ба парвоз медароянд. Фурудгоҳи Дубай то 400 ҳазор нафарро бо ҷои кор таъмин мекунад ва гардиши солонааш ҳудуди 27 миллиард доллар баровард мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button