ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ТИЛЛОВОРУ ПЛАНШЕТ ДАР ПОЙТАХТ ВА ДУЗДИИ 8 ХАЛТА ҚОҚИ ЗАРДОЛУ ДАР ИСФАРА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 19.01.2023

Боздошти гумонбаршавандагон бо ҷурми дуздӣ

019.jpgБа ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми январи соли 2023, тахминан соати 18:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дари хонаи истиқоматиашро кушода, ба он ҷо даромада, 1-адад телевизор, 1-адад планшет, 1-адад ноутбук, 3-адад ангуштарин ва 2-адад ҳалқаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, парандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ноболиғони 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Исфара оғоз карда шуд.
Номбурдагон, 12-уми январи соли 2023 бо роҳи пинҳонӣ аз ҳавлии истиқоматии марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур 8-халта зардолуи хушккардашударо дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 27 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Муайян ва ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

008

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 60-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2021, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллион рубли русиро гирифта, аз ин маблағ 490 ҳазорашро баргардонида, боқимонда маблағи 510 ҳазорро то ҳол барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-13» ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон Х-10», инчунин маблағҳои пулиро мутаносибан гирифта, ба номбурда, ба маблағи 67 ҳазору 700 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 33-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2019 марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад экскватори тасмачархро ба арзиши 632 ҳазор сомонӣ қабул карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ошёнаи 5-ум ва 9-уми кӯчаи Меҳнати ш.Душанбе 2 манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои бадастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2019 марди 56-солаи сокини ҳамин ноҳия бо маслиҳати пешакӣ бо марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани амалҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Қубодиён бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳи апрели соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ”, 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс Компрессор” ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи умумии 167 ҳазор сомонӣ нархгузори карда гирифта, 17 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 150 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 58-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2019, дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, марди 44-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 38 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Номбурда моҳи марти соли 2021, бо ҳамин тариқ аз марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе маблағи 19 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми августи соли 2022, ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 18 ба 19-уми ноябри соли 2022, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад дастгоҳи сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки охирҳои моҳи декабри соли 2022, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз болои боми анҷомхонааш 12-адад болопӯши бом (тунука)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 54-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми ноябри соли 2022, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёи рӯзгор, 1-адад дастгоҳи наворбардорӣ ва 1-адад базаи мушоҳидавиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button