Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ТО -43 ДАРАҶА! ҲУШДОРИ КҲФ АЗ ИДОМАИ САРДИЮ ЯХБАНДӢ ВА ТАРМАҲО

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 14 январи соли 2023 бо нашри як иттилоияи вижа сокинон ва меҳмонони кишварро хабардор кард, ки бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои наздик ҳавои фавқулодда сард дар ҷумҳурӣ ҳамчунон ба тохтутози худ идома медиҳад. Бино ба пешбинии Агентии метереологии Тоҷикистон, рӯзҳои 14-18 январ дар аксари ноҳияҳои водию доманакӯҳи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво, тибқи ҷадвали Тселсий шабона  аз-17-22 дараҷа  то  -12-17 дараҷа ва рӯзона  ​​-8-13 дараҷа сард шуда, дар ноҳияҳои кӯҳистон сардиҳои боз ҳам қаҳратун: шабона – 22-27 дараҷа ва рӯзона ​​-10-15 дараҷа сардӣ ҳукмфармо хоҳад шуд.

Ҳавошиносон мегӯянд, дар манотиқи шарқии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона ҳарорати ҳаво -38-43 дараҷа (!!!) ва рӯзона ​​-27-32 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар роҳҳои кӯҳистонии кишвар яхбандон дар ин рӯзҳо ҳамчунон боқӣ мемонад. Ҳамчунин рӯзҳои 14-16 январ дар роҳҳои Душанбе – Варзоб- Айнӣ – Хуҷанд, Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш, Душанбе-Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари фурӯ рехтани тармаҳо хеле баланд боқӣ мемонад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон хостааст, ки дар ин рӯзҳои хатарнок  сафарҳои бидуни заруратро тавассути роҳҳои кӯҳистон ҳадалимкон маҳдуд карда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳигирӣ дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд ва ҳангоми истифодаи бухорӣ ва дигар дастгоҳҳои гармидиҳанда қоидаҳои зидди бехатариро қатъиян риоя кунанд.

Ҳамчунин аз сокинон хоста мешавад, ки дар ин рӯзҳо фарзандони худро зери назорати қатъӣ бигиранд ва онҳоро беназорат нагузоранд. Аз сокинон ҳамчунин хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо эҳтиёт кунанд ва дар наздикии боми хоназо наистанд, зеро хатари шикаста, ба болои сарашон афтодани шӯшаҳои ях зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва хадамоти коммуналӣ хостааст, то ҳатман бомҳои хонаҳоро аз шӯшаҳои ях саривақт тоза кунанд.

Кумита аз сокинони дезот ва минтақаҳои доманакӯҳу кӯҳистон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми гарм кардани хонаҳояшон қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъият риоя карда, бо истифодаи шумораи зиёди дастгоҳҳои гармидиҳанда бори дӯши шабакаҳои нирӯи барқро гарон накунанд. Ҳамунин аз сокинон хостаанд, ки ҳангоми истифодаи бухориҳое, ки бо ангишт гарм карда мешаванд, низ хеле ҳушёр бошанд, ангишт андохтан ба чунин бухориҳоро ба кӯдакон насупоранд ва дудбароҳоро хуб тоза кунанд.

Аз ронандагон хоста шудааст, ки мошинҳои худро пеш аз баромадан ба сафар хуб бисанҷанд ва ба ҳеҷ сурат бо чархҳои тобистона ба роҳ набароянд.Аз ронандагон ҳамчунин хоста мешавад, ки дар роҳ суръат ва фосиларо қатъиян риоя кунанд. Бахусус шҳангоми убур аз маконҳои пуриздиҳом, аз назди мактабҳо, дар ағбаҳо, нишебиҳо ва гардишҳо.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳама хостааст, ки дар ин рӯзҳо хеле ҳушёр бошанд ва эҳтиёт кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button