Хабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВАХШ ВА РОҲЗАНИИ ШАБОНА ДАР ХУҶАНД

Рӯзи 12 январ, тахминан соати 16:00, дар ҳудуди деҳаи Ҳ.Шерозии ноҳияи Вахш бар асари ба канали обгузари канори роҳ чаппа шудани мошини “Тойота-Матрикс” ронандаи 55солаи ин мошин  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се мусофираш ҷароҳат бардоштаанд.

ххххххххххххх

Се сокини ноҳияи Б.Ғафуров: ду ҷавони 24 ва 26-сола ва як ноболиғи 15-сола ба он айбдор мешаванд, ки шаби 7 январ, тахминан соати 23:45, дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд марди 44-солаи сокини ноҳияи Зафарободро, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, лату кӯб карда, бо зӯрӣ 400 сомонӣ ва телефонашро аз ҷайбаш кашида гирифтаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 14.01.2023

Ҳалокати ронанда ҳангоми чаппа шудани автомашина

014

12-уми январи соли 2023, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Матрикс”, Шамсов Уроз Холбобоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Ҳ.Шерозии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Шамсов У.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашинаи мазкур Нурхонов Муҳаммад Абдулмуъминович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Вахш, Ҳасанов Боймурод Мустафоқулович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Темурмалик ва Нурхонов Алишер Абдулмуъминович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Содир гардидани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби ҷавонон

018

Нисбати ҷавонони 24, 26 ва ноболиғи 15-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурдагон 7-уми январи соли 2023, тахминан соати 23:45-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд қарор доштанашон бо марди 44-солаи сокини ноҳияи Зафаробод, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт муноқиша намуда, лату кӯб карда, бо истифодаи зӯроварӣ аз ҷайбаш 400 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button