Хабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ ДУБОРА АЗ САРДИВУ БОРИШИ БАРФ ДАР АКСАРИ ҚАЛАМРАВИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 7 январи соли 2023 дигарбора сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро огоҳ кард, ки бино ба пешбинии Агентии обуҳавошиносӣ, аз 9 то 11 январи соли ҷорӣ ба далели аз  қисмати аврупоии Русия вазидани ҳавои сард дар аксари қаламрави Тоҷикистон сардиҳо ва рехтани барф пешбинӣ карда мешавад.

Рӯзҳои 10-11 январ дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳистони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво то 10-15 дараҷа поён фаромада, дар ин рӯзҳо дар бархе ноҳияҳои тобеи марказ ва дар ғарби Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рехтани барф пешбинӣ мешавад. Дан натиҷаи барфрезӣ ба дарахтону симҳои барқу алоқа бор шудани барф, ҷамъ шудани тӯдаҳои барф дар роҳҳои кӯҳистон ва яхбандӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳавошиносон гуфтаанд, рӯзҳои 9-10 январ дар бархе ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ  суръати шамол то 15-20 метр/сония боло мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор додааст, ки ба сабаби шамолу барф хатари канда шудани хатҳои барқ, чаппа шудани дарахтон ва ҳамчунин вайрон шудани таблоҳои тарғиботии пояҳояшон суст ба вуҷуд меояд.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 7-10 январи соли 2023 дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (аз ҷумла дар қисмати Майхӯраи шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд) хатари зиёди фурӯрезии тармаҳо вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурати оҷил ҳаракати худро бо роҳҳои кӯҳистон ҳадалимкон маҳдуд карда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҳезумчинӣ, шикор ва моҳидорӣ дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд ва ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро ҷиддан риоя кунанд, неруи барқро сарфа карда, дар ин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дигар ба кӯдакон ва пиронсолон диққати хоса диҳанд. Сармо метавонад боиси сироят ба бемориҳо шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button