ВидеоДин ва боварҳоФарҳанг

ШОН МС РЕПСАРОИРО БАС МЕКУНАД ВА БА САФАРИ ҲАҶ МЕРАВАД (ВИДЕО)

Рэпсарои машҳури тоҷик Шон МС (Шаҳбоз Шарифов) овозхониро бас кардааст ва ҳоло азм дорад, ки барои анҷоми Ҳаҷҷи умра ба Маккаю Мадина сафар кунад. Дар ин бора рӯзи 19 декабри соли 2022 масъули канали “SALOh HIJAMA” бо нашри як видео дар Ютуб хабар дод. Ӯ гуфт, ки тибқи ваъда тамоми хароҷоти сафари Шон МС ба хонаи Худоро ба уҳдаи худ мегирад.

Ӯ гуфт, ҳамин тавр, хароҷоти сафари Ҳаҷҷи ҳар овозхони дигари тоҷикро, ки тарки ин пеша мекунад ва “рӯ ба Худо меорад”, ба уҳдаи худ мегирад.

Масъули канали “SALOh HIJAMA” дар идомаи видео порае аз мукотибаи савтиаш бо Шон МСро ҳам нашр кардааст, ки рэпсаро дар оғози ин суҳбат мегӯяд:  “Ҳазрат, тамом, ҳамин ҳоло дар эфир бо мухлисон маслиҳат кардем. Консерт бекор карда шуд! Рэп бекор карда шуд! Чиптаи сафари маро тайёр кун, ҳазрат!”

Масъули канали “SALOh HIJAMA” дар посух аз Шон МС хоҳиш мекунад, ки шиносномаашро бифиристад. Ӯ мегӯяд, “ин корро ба хотири ризои Аллоҳ карда истодаам ва шояд тасмими худат сабаб шаваду овозхонҳои дигарро низ овозхониро бас кунанд ва рӯ ба Худо биоранд”.

Шон МС (Шаҳбоз Шарифов) 18 январи соли 1991 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Соли 1993, вақте ӯ ҳамагӣ ду сол дошт, оилаи онҳо ба Душанбе кӯчид ва ӯ дар пойтахт ба воя расид. Шон МС яке аз намояндагони барҷастаи насли нави рэпи тоҷикист, ки дар мавзӯъҳои доғи ҷомиа, аз ҷумла дар масъалаҳои сиёсӣ низ тарона месуруд, вале баъди ҳабсу ҳукми тӯлонии зиндони журналистоне, чун Далери Имомалӣ, ки Шон МС дар бораи ӯ як таронаи алоҳида навишта буд, аз идомаи овозхонӣ дилмонда шуда буд.

Бархе таронаҳои Шон МС дар Ютубт аз 2 то 3 миллион тамошобин ҷамъ овардаанд.

Мавридҳои ба далелҳои мазҳабӣ аз саҳна канор рафтани ситораҳои тоҷик дар гузашта ҳам иттифоқ уфтодааст, ки аз ҳама барҷастатаринаш, албатта, намунаи Маликаи Саид аст, ки баъди зиёрати Маккаю Мадина  овозхониро бас карда, ҳиҷобпӯш шуд ва ба тиҷорат гузашта, дар фурӯшгоҳи “Саодат” дар маҳаллаи 82 як мағозаи либосҳои диниро мечархонд.

Ҳамин тавр, Ҳотами Равшан ва бародарзодаи ӯ Меҳрубони Равшан низ баъди анҷоми сафари Ҳаҷ тарки саҳна карданд. Ҳотами Равшан ҳоло гоҳо дар маҳфилҳои хос таронаҳои орифона мехонад. Меҳрубони Равшан, ки баъдан ба мушкилоти молиявӣ дучор шуд, кӯшиш кард, ки боз ба саҳна баргардад, вале шуҳрати пешинашро барқарор карда натавонист.

Соли 2014 Шабнами Сурайё ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед низ ба Ҳаҷҷи умра рафтанд. Онҳо баъди Ҳаҷ тарки овозхонӣ накарданд, вале то чанд соли дигар ин ду ситораи эстрадаи тоҷик дар маҳзари ом дар сар ҳиҷобу дар тан либосҳои маҳкам мепӯшиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шабнами сурайё низ бо модару хоҳаронаш ба ҳаҷҷ рафта буданд, мутассифона тавба насибашон нашуд. Акаи Самбӯса ҳаҷҷ рафт, баргашт Ҳоҷӣ Самбӯса шуд. Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ. Худоё тавба насиб кун, омин!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button