МуҳоҷиронҲодиса

ЯК ҶАВОНИ ТОҶИКРО ДАР ЗАНОЗАНӢ ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ КОРД ЗАДААНД

Шоми ҷумъа, 16 декабри соли 2022 шоҳидон ба пулиси ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленингради Русия занг зада, дар бораи як занозании гуруҳӣ дар парковка ё таваққуфгоҳи фурӯшгоҳи “Мега Дибенко” дар канори шаҳри Санкт-Петербург хабар додаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, як гуруҳи иборат аз тахминан 10 нафар як ҷавонро бо калтаку корд латтукӯб карда, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.

Дар пайи ин занозанӣ як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро бо захми корд дар ноҳияи қалбаш ба бемористон овардаанд. Табибон захми ӯро вазнин меноманд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин муҳоҷири тоҷик ҳанӯз соли 2021 бо нияти кор ба Русия омада, дар шаҳраки Кудрово дар канори шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекард. Фурӯшгоҳи “Мега Дибенко”, ки дар дохилаш ҳипермаркети “Ашан” ҳам ҳаст, ҳамчунин дар паҳлуи шаҳраки Кудрово ҷойгир шудааст.

Дар пулис гуфтаанд, ки дар робита ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад ва ҷузъиёти занозанӣ муайян карда мешавад. Дар бораи шахсияти онҳое, ки ба ҷавони тоҷик ҳамла карда, ӯро корд задаанд, дар ҳоли ҳозир, ягон маълумот дастрас нест.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки муҳоҷир чанд вақт боз мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button