ФарҳангЧеҳраҳо

НАМОЯНДАИ ВИЖАИ ПУТИН ГУЛРУХСОРРО “ПАДИДАИ ҲУНАРИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ” НОМИД

Намояндаи вижаи президенти Русия дар умури ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ Михаил Швидкой Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро ба муносибати ҷашни 75-солагиаш табрик гуфт, Гулрухсорро “падидаи ҳунарии миқёси ҷаҳонӣ” номидааст. Швидкой, ки  қаблан чандин сол вазири фарҳанги Русия буд, ҳамчунин дар табрикоташ навиштааст, ки эҷодиёти Гулрухосор паҳнои Шӯравии собиқро дар як қаламрави инсонӣ ҷамъ меорад.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 15 декабри соли 2022 сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро ба ҳузур пазируфта, ба муносибати ҷашни 75-солагиаш  ӯро табрик гуфт ва ҳамчунин паёми табрикии намояндаи вижаи президенти Русия дар умури ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ Михаил Швидкойро ба шоираи тоҷик супурд.

Дар паёми табрикотии Михаил Швидкой ба Гулрухсор чунин гуфта шудааст: “Шумo як падидаи ҳунарии миқёси ҷаҳониед. Мероси эҷодии шумо яке аз он риштаҳои муҳими сершуморест, ки қаламрави собиқ СССРро дар як муҳити умумии инсонӣ нигоҳ медорад”.

Бино ба иттилоияи сафорати Русия, Гулрухсор Сафиева дар ҷараёни мулоқоташ дар бораи роҳи мураккаби зиндагиаш ва ҳам дар бораи сиёсатмадорону адибони русе, ки ӯ дар давраҳои гуногуни зиндагиаш бо онҳо вохӯрдаасту риштаи дӯстӣ доштааст, нақл кардааст. Сафорат афзуд, ки соҳибҷашн ҳамчунин чанд тарҳи муштарак бо сафорати Русия ҷиҳати таҳкими ваҳдати фарҳангии байни Русия ва Тоҷикистонро пешниҳод кардааст.

Гулрухсор Сафиева  17 декабри соли 1947  дар деҳаи Яхч дар кӯҳистони ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) дар водии Рашт (Қаротегин) дар шарқи Тоҷикистон ба дунё омада, дар овони кӯдакӣ ятим мондааст. Гулрухсор аз нахустин духтарони зодаи Нуробод буд, ки қолабҳоро шикаст ва ба донишгоҳ дохил шуд. Соли 1971, вақте ҳамагӣ 24 сол дошт, ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР қабул шуд ва соли 1978, дар синни 31 барандаи ҷоизаи ба номи Комсомол шуд. Гулрухсор дар солҳои 80 котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сипас раиси Бунёди фарҳанги ин ҷумҳурӣ буд ва соли 1989 вакили Шӯрои олии СССР интихоб шуд.

Дар поёни соли 1992, дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳдидҳо ба ҷонаш, Гулрухсор тарки Тоҷикистон кард ва то поёни ҷанг дар Маскав зиндагӣ кард. Баъди истиқрори сулҳ, шоираи маҳбуб ба Ватан баргашт ва дар маркази шаҳри Душанбе, дар ҳамсоягии президент Эмомалӣ Раҳмон ба сар мебарад.

ПАРДОХТЕ БА ШАХСИЯТ ВА ШЕЪРИ ГУЛРУХСОР

Сатри ин зан сатри шеъри ноби ӯст,

 Чашмбандаш биниши ноёби ӯст.

Бо он ҳама шӯру шарар, бо он ҳама нирӯву ҷавонӣ, бо ҳама исёну туғёне, ки дар ӯ мебинем, кӣ бовар мекунад, ки Гулрухсор Сафиева, ин шоири ширинбаёну исёнгар ва ҳамеша якдилу якрӯ, Гулрухсори мо 75-сола шудааст? Шуҳрати Гулрухсор дар Тоҷикистон ба ҳаддест, ки ӯро мухлисонаш бо ифтихор “Модари миллат” унвон додаанд.

Баъди рафтани Лоиқу Бозор ва Мӯъмин Қаноат Гулрухсор охирин сутунест, ки кохи адабиёти муосири тоҷикро бар рӯи шонаҳояш маҳкам нигоҳ медорад.

Дар зеҳни ҳазорони мухлисаш Гулрухсори Сафӣ ҳамоно ҳамон духтари 17-солаи кӯҳистонист, ки аз деҳаи дурдасти Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло – Нуробод) ба Душанбе омад. Нафақат барои таҳсил дар донишгоҳ, балки барои тасхири қалби мардум ва расидан ба баландтарин қуллаҳои шеър.

Дунболи шӯҳрат нарафт, балки ин худи шӯҳрат буд, ки аз ҳамон рӯзҳои аввали омаданаш ба Душанбе ба домани Гулрухсор сахт чанг зад ва хеле зуд минбарнишинаш кард. Донишҷӯ буд, ки шеъраш аз минбари баланди қасри Кремли Маскав ба дунё танин андохт ва ҳақ медод ба ин ситораи наву ҷавони адабиёти тоҷик ки бигӯяд: Шукри Яхчу шукри Маскав…

 Гулрухсор ҳамагӣ 23 сол дошт, ки китоби нахустини ашъораш – “Бунафша” бо дуои ду пири вақти адабиёти тоҷик – Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода аз дасти чоп берун шуд. Дар ҳамон синни 23 ба курсии сардабири нашрияи “Пионери Тоҷикистон” нишаст ва 12 сол ин нашрияи кӯдаконро чархонд.

Соли 1987 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон интихоб шуд ва маҷаллаи “Фарҳанг”-ро, ки ҳар шуморааш бо ҳарфҳои заррин дар таърихи фарҳангу матбуоти тоҷик нақш бастааст, ба роҳ андохт. Соли 1989 вакили парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

Бо вуҷуди ин ҳама парвозҳои баланд Гулрухсор ҳамоне ки буд, боқӣ монд. Бо ҳама як буд – чӣ бо шоҳу вазир ва чӣ сағиру фақир. Дарди дили худашу мардумашро дар ҷама ҷо бе ягон ибо ва бо ҷасорат мегуфт. Аз касе ва аз чизе тарс надошт. Дар поёни соли 1992, вақте ҷангиёни Фронти халқӣ вориди Душанбе шуданд ва барои куштанаш омаданд, Гулрухсор ҳатто пеши ин силоҳбадастони бехун сар хам накард, балки бо ҳамон ҷасорати хосаш аз худ дифоъ кард.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари мардумаш Гулрухсор ҳам чанд сол тарки Ватан кард ва бо вуҷуди даъватҳои зиёд, то даме ки мардумаш барнагашт, ӯ ҳам аз ин имтиёзи корти бозгашт истифода набуд ва қатори мардумаш монд.

 Ҳоло ҳам Гулрухсори мо ҳамон Гулрухсорест, ки 10, 20, 30 ва 40 соли пеш буд: Бо ҳамон неруву ҳамон ҷавонӣ, бо ҳамон рӯҳи пурисён. Аз маъдуд равшанфикрони тоҷик аст, ки чархи замона ивазаш накард, аз мавқеъ ва арзишҳое, ки мепарастад, ақиб нанишаст. Ҳамон Гулрухсор монд!

Ҷашн муборак, Устод Гулрухсор!

ШЕЪРЕ ЧАНД АЗ ГУЛРУХСОР

ДУНЁ ҒАНИМАТ АСТ!


Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир,
Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир.
Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон,
Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир!
Рӯ-рӯйи қулла рав, аз хок дил накан
Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман.
Дар даҳр зиндагӣ ҳарчанд қиммат аст,
Бе ту чӣ зиндагист, эй ёри дилшикан?!
Аз ман хабар бигир!
Чашми муҳаббатам, муштоқи рӯйи туст,
Гӯянд одамӣ бо дӯстӣ накуст,
Аз қасри худ фаро, бар мулки ман биё,
Ин хона бурҷи дил, ин дил макони туст!
Аз ман хабар бигир!
Аз ман назар нагир, ёри дигар нагир,
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир!
1973

ИСЁН
Зиндагиям миннати афсона аст,
Бӯстонам зиннати вайрона аст.
Саргузаштам қиссаи ҳар хона аст,
Хастаам, аз худнамоӣ, хастаам!

Нописандонро писандам сода нест,

Даъвии дори баландам сода нест,
Сӯзи дарди банд-бандам сода нест,
Хастаам, аз худҷазоӣ, хастаам!

Хеши бадкешам ҳабиби дигар аст,
Дардбахши ман табиби дигар аст,
Рӯзии рӯзам насиби дигар аст,
Хастаам, аз порсоӣ, хастаам!

Раҳнамову раҳкушоям раҳзан аст,
Ончӣ месӯзам ба сонаш гулхан аст,
Онкӣ медонам ҷаҳонаш меҳан аст,
Хастаам, аз бовафоӣ, хастаам!

Тоири парбастаи кайҳони худ,
Зодаиозодии зиндони худ,
Зевари худ, қиммати арзони худ,
Хастаам, аз бенавоӣ, хастаам!

Аз фиғони хандаҳои хештан,
Азсарибесарпаноҳи хештан,
Дарпаноҳи ашку оҳи хештан,
Хастаам, аз бесадоӣ, хастаам!

Хастаам, аз подшоҳӣ, хастаам!

1991

ЗАХМИ НИҲОН

Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад,
Ту умре бехазону гулфишон бошӣ.
Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,
Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ!

Бимон ҳар лаҳза чанги номуродиҳо,
Ба рухсорам хати ожанг бигзорад.
Бимон ишқи ту чун захми ниҳони дил
Маро ҳар лаҳзаву ҳар рӯз озорад. 

Тавони сад тавоноро ба ту бахшам,

Биафтам ман, агар ту нотавон бошӣ,
Бапосиинҳама умеди қурбонӣ,
Мабодо душманамро ёри ҷон бошӣ,
Мабодо, ки азизи дигарон бошӣ?!
1981

БЕГОНАИ БЕГОНАГӢ
Рафтаам аз ёдҳо бегонаи бегонагӣ,
Бастаам бар рӯи муштоқон дари ҷононагӣ.
Ҳасрати парвоз дорам, қудрати парвоз на,
Мекашам бори пару болам чу мурғи хонагӣ!
Оқилон ҳусни фараҳ андар хамӯшӣ ёфтанд,
Амни ман ашки пушаймонист аз мастонагӣ.
Осмондил зӯри оқилро ба чоҳил додааст,
Чораи бечорагии зан бувад мардонагӣ!
Душмани марду сазоворе худо бар ман надод,
Душмани худ гаштаам аз иллати фарзонагӣ.
Ҳар киро санге ба чанг уфтад маро гирад нишон,
Зинда бодо пайкари обод дар вайронагӣ!
Ишқ илҳоми илоҳӣ буду хораш кардаам,
Дар талоши маснади девону дар девонагӣ.
Душанбе. 1992

Ман дигар танҳо наям байни замину осмон,
Ман дигар маҳзун наям бо хандаҳои ғамаён,
Ман дигар нозир наям дар роҳи холии ҷаҳон,
Ҷони ман, сад сол гар дер омадӣ, хуш омадӣ!
Гар нагаштам ғарқ дар гирдоби чашми таҳкашат,
Гар намурдам лаҳзаи дидор аз рӯйи хушат,
Зинда гаштам, балки аз хокистари беоташат,
Гарчи то ман хаставу пир омадӣ, хуш омадӣ!
Аз ҷаҳонгардӣ муродам дидани рӯйи ту буд,
Шеъри ман чун орзуҳоям дуогӯйи ту буд,
Чашми ман аз чор сӯйи зиндагӣ сӯйи ту буд,
То ба боғи хушки ҷон, борони ман, хуш омадӣ!
Ҳеҷ кас чун ман наменозад таманнои туро,
Ҳеҷ кас чун ман намебахшад гунаҳҳои туро,
Ҳеҷ кас, ҳаргиз, нагирад дар ҷаҳон ҷойи туро,
Ҷони ман, то ҳузну исён, роздон, хуш омадӣ!
Бас тасаллои фиребо мубтало пардохтам,
Ошиқона, сад тарона аз фасона бофтам,
Хештанро кардаам гум то туро ман ёфтам,
Ҷони ман, аз осмон то остон, хуш омадӣ!
Хуш омадӣ!
1985 

Чӣ танҳоӣ, ки дар ҷоҳу ҷалоли хеш дилгирам,

Миёни чор девори баланду сахти тақдирам.
Нарав аз бар, нарав аз сар, нарав аз дил, ки мемирам,
Ба рӯзи сахту танҳоӣ дилу дасти кӣ мегирам?

Дар ин ғавғо, дар ин савдо, дар ин шӯру шари дунё,
Туро мегӯяму бо ёди ту бадбахти хушбахтам.
Ту ҳам монанди ҳусни ман гурезониву ҳайронам,
Ба кӣ гӯям ғами дилро, куҷо созам сари сахтам?!

Сари танҳои моро сарварӣ кун гар саре дорӣ,
Чаро ман омадам бар даҳр гар ту дилбаре дорӣ?
Сари ман, сарвари ман, ҳампари ман, раҳбари ман шав,
Шабе, ки бе ту раҳгумам, маро тобанда ахтар шав!

Чӣ танҳоӣ, ки дар ҷоҳу ҷалоли хеш дилгирам,
Бадунёомадам танҳову аз танҳоӣ мемирам…
1972

ДУДАВУ ДИДА
Дар шаҳр касе нест, ки бо дида бибӯсам,
Бо чашми ҳавас дидаву нодида бибӯсам.
Аз пойи нигоҳе бикашам хори гуноҳе,
Аз гулшани рӯйе гули ночида бибӯсам.
Бо атри нафас боз кунам ғунчаи розе,
Аз накҳати нозе таби нозида бибӯсам.
Дар озари озарм шарр асту шараре нест,
Соҳибназаре нест, ки шармида бибӯсам.
Дар сурати ин мардуми дилмурдаву хунсард,
Шавқу шараре нест, ки завқида бибӯсам.
Дар дидаи ин уммати чун шаршара гирён,
Шамси * дигаре нест, ки хандида бибӯсам.
Раҳ месипарам аз дилу аз дидаи як шаҳр,
Як рагузаре нест, ки болида бибӯсам.
Дар шаҳри нигаҳҳои пур аз барфу пур аз дуд,
Сӯзи нафаси доғи чӣ кас чида бибӯсам?!

НОБАРОБАР

Ту аз ман будиву маи аз ту будам,
Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар.
Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест,
Чаро ишқи ману ту нобаробар?!

Намебинӣ, намебахшӣ ту ҳаргиз,
Хатоиман,гуноҳи ман, ғами ман,
Намегирям, намегирям, мабодо,
Набинад беғаме чашми нами ман!

Ҳар он чизе, ки хоҳад одамизод,
Дар ин дунё барои ман муҳайёст.
Бимирад моҳии беобмонда,
Агарчи андаруни ҳавзи тиллост. 

Барои ман дилу ҷони ту даркор,

Нигоҳи гарми чашмони ту даркор.
Барои ин сари сахти ятимам,
Навозишҳои дастони ту даркор.

Зи бахту толеат хушнуд ҳастӣ?
Чаро ҳолам намепурсӣ ту боре?
Мани афтода аз чашми дили ту,
Зи ту дорам умеди ғамгусоре.

Намедуздам туро ман аз дигарҳо,
Ба ҳар кас бахт ширин аст, ширин.
Бидон, бо ёди ту танҳо равонам,
Гарам бинӣ маро дар кӯча ғамгин.

Зи ман бо ҳар баҳона мегурезӣ,
Кигӯё шоиру овозадорам,
Лабипурханда дорам, ғам надорам,
Зиёроникуҳан андар канорам…

Будӣ ишқи ту рӯзи рӯзгорам,
Будӣ ёди ту ёру ғамгусорам,
Тубудӣ шӯҳрату номи баландам,
Тубоманнестӣ, чизе надорам!

Ту аз ман будиву ман аз ту будам,
Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар.
Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест,
Чаро ишқи ману ту нобаробар?!
1972

ТУРО ЭҶОД КАРДАМ

Зи ёди талхи ҳиҷронат хаёлам мешавад ширин,
Даме ки гулузоре аз ҷафои ёр менолад,
Ба сӯят каъбаи озор рӯи саҷда меорам,
Зи ёдат рӯҳ мекоҳад, дили бебол меболад.
Туро қисмат чу панди рӯзгори ман ато карда,
Ки худро ҳар нафас аз нав шиносам дар ҷаҳони ту.
Зи гирди дегдон ишқат маро то ахтаристон бурд,
Агарчанде нагаштам ахтаре дар осмони ту.
Зи чашмони ту мебинам, ки ошиқ нестӣ бар ман,
Наметарсам зи кашфи дил, зи тири ихтирои худ.
Туро эҷод кардам чун суруду чун дуои худ
Туро ман дӯст медорам барои худ,
ба ҷойи худ!

ЧАМАНИ ГУМШУДА
Он ки аз ман биравад сӯйи мани хаста, манам,
Зору ночор ба пойи ҳама биншаста, манам.
Қадаҳи дард гарам бар лаби шодӣ нашикаст,
Кӯзаи пурмаи дар майкада бишкаста, манам.
Афсари бесилаҳи шоҳи дилу дидаву меҳр,
Даргушои фараҳи пушти дари баста, манам.
Гар савобам зи вуболам набувад беш, бахайр,
Тири аз ҳалқи камони бадӣ вораста, манам!
Растагорӣ набувад расми ғуломони ҳақир,
Сайди аз панҷаи кафтори гунаҳ раста, манам.
Чамани гумшударо аз гили ман бояд ҷуст,
Ҳаваси беқафаси ошиқи парбаста, манам. 

ГЎЕД БА НАВРЎЗ…

Гўед ба наврўз, ки нав нест гами мо,
Аз хасрати хунинкафанон чашми нами мо.
Аз вахшати окипадарон пушти хами мо,
Гўед ба наврўз, ки хар рўз биёяд!

Хар рўз биёяд, дари гамхона кушояд,
З- ойинаи дил занги чарохат бизудояд,
Булбул алами миллати бечора сарояд,
Гўед ба наврўз аламсўз биёяд!

Гўед ба наврўз, ки масрур биёяд,
Бедахшату бехасрату магрур биёяд,
Бар чашму дили гамзадагон нур биёяд,
Гўед ба наврўз фаромўз биёяд!

Дилхоху дилогоху дилафрўз биёяд,
Бар гулшани сармозада хушсўз биёяд,
Бар кишвари рахмондаи шаб рўз биёяд,
Гўед ба наврўз шабе рўз биёяд!

Гўед ба наврўз, ки размида биёяд,
Аз сангари мардони шараф дида биёяд,
Аз гўри шахидон гули гам чида биёяд,
Гўед ба наврўз, ки гулдўз биёяд!

Дар гўш расад нолаи мургони гирифтор,
Гулпўш кунад маркади ёрони вафодор.
Човид кунад умри фари барки шарарбор,
Гўед ба наврўз шабафрўз биёяд!

То механи мо пойгахи мири шикор аст,
Дар гулшани мо куштани гулгунча бахор аст.
Хар пушта мазор аст, мазори дили зор аст,
Гўед ба наврўз, ки пирўз биёяд!

Ошик накунад ёди гулафшони чаман, вой,
Шоир нарасад бар дари илхоми сухан, вой,
«Хун медамад аз хоки шахидони Ватан, вой! »
– Эй войи чаман, войи сухан, войи Ватан, вой!
Душанбе- Москва. 1990-1992

Имрӯз ҳам гузашт, монанди як нафас,

Наврӯзи ман гузашт, бе ишқи ҳеҷ кас.

Гирёну хандарез, хушрӯйи бебақо

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро.

Сад қитъа тай шуда дар ҷустуҷӯи худ,

Сад раҳ кушодаам, ҷуз раҳ ба сӯи худ.

Худрӯйи худшукуф, худҷӯйи худпаноҳ,

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро…

Овораи хато, бечораи Худо,

Чун соя бо худам, ҳамроҳаму ҷудо.

Масрури бефараҳ, танҳойи бевафо

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button