Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МУҲЛИК ДАР СПИТАМЕНУ ФАРХОР ВА БОЗДОШТИ СОКИНИ ДУШАНБЕ БАРОИ ШИКОРИ 1200 ДОНА МОҲӢ

Як сокини 40-солаи ноҳияи Б.Ғафуров субҳи 25 ноябр дар ҳудуди ноҳияи Спитамен дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ зери чархи мошини “Ҳюндай Соната” ҷон бохта, шоми ҳамон рӯз дар ҳудуди ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор як кхдаки сесола зери чархи мошини “Ҳюндай Старекс” ба ҳалокат расидааст.

ххххххххххххх

Сокини 40-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи сентябр дар ҳудуди деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз дарёи Кофарниҳон  бо усули маҳви оммавӣ, яъне бо истифода аз қаиқи резинӣ ва асбобҳои худсози барқдиҳанда 1200 дона лақамоҳӣ ва ширмоҳиро сайд карда, ба муҳити зист ба маблағи 76 ҳазору 800 сомонӣ, ё тақрибан 7500 доллар зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 26.11. 2022

Ҳалокати пиёдагард ва ноболиғ бар асари садамаҳои нохуш

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef7425-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 08:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳюндай Соната», Наҷмиддинов Хайриддин Сайфиддинович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи И.Сомонӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҳимов Наимҷон Нодирҷонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Раҳимов Н.Н. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
25-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофиркаши тамғаи “Ҳюндай-Старекс”, Назаров Шоҳзамон Латифович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ватан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Қосимов Умарҷон Ҷонибекович, соли таваллудаш 2019, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Қосимов У.Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Ошкор шудани сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ дар деҳаи Эсанбой

8bd90c0476191ca9413920139a0ead97

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе, 27-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 20:00, дар ҳудуди деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз дарёи “Кофарниҳон” бо усули маҳви оммавӣ, яъне бо истифода аз қаиқи резинӣ ва асбобҳои худсози барқдиҳанда ба сайди ғайриқонунии 1 ҳазору 200 дона моҳиҳои намуди “лақамоҳӣ” ва “ширмоҳӣ” машғул шудааст.

Мувофиқи маълумотномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зарари расонидашуда 76 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button