ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕЛИ ХАРОБКОР ДАР НОҲИЯИ Ш.ШОҲИН 5 СИМЧӮБИ БАРҚРО ЧАППА КАРД

Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тахминан соати 23:10 дақиқаи рӯзи 25-уми октябри соли равон, дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи мазкур дар натиҷаи бориши шадиди борон сел омад ва  5 адад симчӯби қувваи барқро чаппа кардааст.

Ҳамчунин дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ сангреза ва дар километри 234-237-уми роҳи мазкур ярч муваққатан роҳро баст.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, муддате пас бо талоши ҳукумати маҳал роҳ аз селоварду ярч пок шуд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардид. Ҳоло роҳ боз аст. Аммо корҳои бартарафсозии пурраи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз техникаи муҳандисии хадамоти роҳи минтақа идома доранд.

Агентии ҳавошиносӣ барои рӯзҳои 26-27-уми октябр дар қаламрави Тоҷикистон рӯзҳои борониро пешбинӣ карда буд. Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба аҳолӣ тавсия дода буд, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва аз рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, дорувор худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин тавсия дода мешуд, ки аз сабаби боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо рафтан ба моҳидорӣ ва ба сабаби эҳтимоли раъду барқ рафтан ба шикор низ маслиҳат нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button