ВидеоТоҷикистон

ҲУШДОР: БОВАР НАКУНЕД! САҲИФАҲОИ ҚАЛБАКӢ АЗ НОМИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МАРДУМ МАБЛАҒҲОИ БУЗУРГ ВАЪДА МЕДИҲАНД

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 26 октябри соли 2022 бо нашри як иттилоияи вижа бори дигар аз мардум хост, то ба саҳифаҳои фейкие, ки аз номи шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ кушода шуда, ба корбарон ҳамчун туҳфа маблағҳои бузург ваъда медиҳанд, бовар накунанд. Дар эълонҳои нашршуда дар ин саҳифаҳо аз номи Рустами Эмомалӣ ба корбарон маблағҳои бузурге, ҳатто то 50 ҳазору 100 ҳазор доллар ва аз он ҳам бештар ваъда мешуд. “Рустами Эмомалӣ”-и қалбакӣ дар ин эълонҳо бо зикри ин ки “тасмим гирифтааст ба мардуми ниёзманд пули нақд бахшад”, аз ҳама даъват мекард, ки дар ин саҳифаву каналҳои фейкӣ худро сабти ном кунанд.

Шаҳрдорӣ аз сокинон хост, ба ин саҳифаҳои дурӯғ дода нашаванд ва барои ҳаллу фасли мушкилоту ниёзмандиҳои худ  тавассути каналҳои расмӣ муроҷиат кунанд ва дархосту андешаҳои худро ба Рустами Эмомалӣ ва тими ӯ бинависанд.

Дар ҳушдори шаҳрдорӣ чунин гуфта мешавад:

“Ба иттилои шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ расонида мешавад, ки ба ҳар гуна саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» эътибор надиҳанд ва бовар накунанд. 

   Сомона ва саҳифаҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инҳоянд:

majmilli@rs.tj

www.dushanbe.tj

dushabe80@yahoo.com

facebook : @DUSHANBECAPITAL

Instagram: dushanbe_official

Telegram: Poitakht

Viber: +992 985-95-22-22.”

Дар моҳҳои охир ин алакай бори дуюм аст, ки мақомот аз кушода шудани саҳифаҳои қалбакӣ аз номи Рустами Эмомалӣ ҳушдор медиҳанд.

Шаҳдории Душанбе рӯзи 1 августи соли 2022  низ бо нашри як иттилоияи вижа хабар дода буд, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Ватсап, Вайбер, Телеграм, Твиттер ва ғайра аз номи раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ саҳифаҳои иҷтимоии қалбакӣ боз гардида, “истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ, бахусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз онро ба гумроҳӣ мебаранд”.

Шаҳрдорӣ он вақт ҳам аз шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоста буд, ки “ба ин саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд” ва танҳо тавассути каналҳои расмӣ ба Рустами Эмомалӣ ва тими ӯ муроҷиат кунанд.

Ин ҳушдорҳо дар ҳолест, ки чанд моҳ боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳои фаровоне, аз ҷумла бархеаш  бо аксҳои Рустами Эмомалӣ пайдо шудаанд, ки дар онҳо аз номи ширкатҳову брендҳои машҳуре, чун “Ҳюндай”, “Тойота”, “Беко” ва дигару дигар мардумро фиреб медиҳанд, ки гӯё ин ширкатҳо барои онҳое, ки ба саҳифаҳои онҳо обуна мешаванд, ҳар рӯз то чанд мошини сабукраву мошини ҷомашӯӣ ва дигар молҳои гаронбаҳо туҳфа мекунанд. Ин саҳифаҳои фейк эълонҳои худро ҳатто ба забони тоҷикӣ нашр мекунанд, ки ин боиси фирефта шудани садҳо сокини зудбовари Тоҷикистон шудааст. Ин мардум ба ин эълонҳои дурӯғ бовар карда, онҳоро дар саҳифаҳову гуруҳҳои гуногун бознашр мекунанд ва умед мебанданд, ки  бо ин роҳ шонси худро барои дарёфти ҷоизаҳои ваъдагӣ зиёдтар мекунанд.

Рӯзҳои охир бо мақсади ҷалби одамони боз ҳам бештар ин саҳифаҳои фейк эълонҳои мардумфиребонаи худро асосан зери акси Рустами Эмомалӣ нашр карда истодаанд.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 34 сол дошта, аз соли 2017 раиси шаҳри Душанбе ва аз соли 2020 ҳамзамон раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болои парлумони Тоҷикистон аст. Рустами Эмомалиро бисёриҳо вориси эҳтимолии курсии президентии падараш ном мебаранд.  Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак қариб 30 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад, 5 октябри соли ҷорӣ ба синни 70 расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button