ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЁВАРИ ХОМАНАӢ: ТОҶИКИСТОН АЗ ЭРОН ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН ХОСТААСТ

Генерал-майор Яҳё Раҳим Сафавӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ёвари раҳбари рӯҳонии Эрони оятуллоҳ Алии Хоменеӣ дар масоили низомӣ, гуфтааст, ки ҳудуди 22 кишвари ҷаҳон расман барои харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини сохти Эрон дархости расмӣ додаанд. Дар ин бора рӯзи 19 октябри соли 2022 хабаргузории эронии Tasnim News хабар дод.

“Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Тоҷикистон, Сербистон, Алҷазоир, Венесуэла ва чандин кишвари дигар хостори харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ шудаанд”, — хабар додааст Сафавӣ рӯзи 18 октябр дар суханрониаш дар Академияи низомии Теҳрон.

Генерал-майор Яҳё Раҳим Сафавӣ

Генерали эронӣ бо ифтихор гуфт, дар даврони шоҳ Ризо Паҳлавӣ то инқилоби исломии соли 1979, Эрон 80 фоизи эҳтиёҷоти ҳарбиашро аз ҳисоби харидории таслиҳот аз хориҷ, асосан аз Амрикову дигар кишварҳои Ғарб бароварда месохт, вале имрӯз Ҷумҳурии исломӣ ҳама чизи лозим барои дифоъ аз кишвар, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишинро худаш месозад.

Ҷангҳои ахир, бавижа ҷанги Украина, нишон дод, ки дар ҷангҳои муосир аҳамияти таслиҳоти муосир, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин боло рафта, онҳо ҷои техникаи ҳарбии маъмулӣ, ҳатто тонкҳоро торафт тангтар мекунанд.  Дар Украина ва Ғарб Эронро ба таъмини артиши Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин айбдор мекунанд, вале Эрон инро рад мекунад. Бо ин вуҷуд, гузоришҳои зиёде ба даст мерасанд, ки Русия дар Украина дар ҳафтаҳои охир ба таври фаъолона аз ҳавопаймоҳои бесарнишини худкуш ё камикадзеи сохти Ирон бо тамғаи “Шоҳид” истифода мебарад ва ҳоло қасд дорад, ки аз Эрон дронҳои тамғаи “Ораш” ҳам бигирад,

Мақомоти ҳарбии Тоҷикистон чанд муддат боз талош доранд, ки ба далели зарурати ҳифзи хубтари 1425 километр марзи мустақим бо Афғонистони ноором таслиҳоти қувваҳои мусаллаҳи кишвари худро бо ҳавопаймоҳои бесарнишин  тақвият диҳанд, вале то кунун ин талошҳо, тавре ба назар мерасад, натиҷа надодаанд.

18 октябри соли 2022 дар як анҷумани мубориза бо терроризм дар Душанбе  муовини аввали  фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳаддии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон Насимҷон Раҷабзода гуфт, барои муқобила бо таҳдидҳои нав аз самти ҷануб, Тоҷикистон аз ҷомиаи байналмилалӣ силоҳҳои муосир, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин мехоҳад. “Бидуни чунин техника назорати бархе минтақаҳои кӯҳистонии ҳаммарз бо Афғонистон номумкин аст “, –  таъкид кард генерал Раҷабзода.

Моҳи майи соли ҷорӣ раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ ва генерал-полковник Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон корхонаи муштараки тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии тамғаи “Абобил 2” –ро ифтитоҳ карданд.Генерал Боқирӣ дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи ин корхона гуфт, Эрон тавонист дар ҳама созоти низомӣ ва дифоъӣ, ба вижа дар тавлиди паҳподҳо, ё ҳавопаймоҳои бесарнишин, ба рушди чашмгире даст биёбад.

“Имрӯз мо дар мавқеъе ҳастем, ки ба ҷуз аз таъмини ниёзҳои дохилӣ метавонем ба кишварҳои ҳампаймон ва дӯст таҷҳизоти низомӣ содир кунем”, – гуфт сарлашкари артиши Эрон.

Генерал Боқирӣ ифтитоҳи корхонаи «Абил 2» дар Тоҷикистонро як  нуқтаи атф дар роҳи рушди ҳамкориҳои низомии ду кишвар номид хонд ва гуфт,  “ИншоАллоҳ, дар оянда шоҳиди ҳамкориҳои боз ҳам бештари низомӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон хоҳем шуд”.

Ҷониби Тоҷикистон ин хабарро то ҳол шарҳ надодааст. Хабарҳое ҳам ба даст расида буд, ки вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзоев ба Туркия сафар карда, мавзӯи харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини туркии тамғаи “Байрақдор”ро баррасӣ кардааст. Душанбе ин хабарро ҳам то кунун расман шарҳ надодааст.

Вале моҳи сентябри соли 2022 дар ҷараёни даргириҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҷониби Қирғизистон ба таври фаъолона аз ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаи “Байрақдор”, ки аз Туркия харида буд, истифода бурд. 18 сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров рӯзи 16 сентябр маҳз дар натиҷаи ҳамлаи дрон ба мактабу масҷиди ин мавзеъ кушта шуданд. Вале ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни ин муноқишаи мусаллаҳона аслан аз ягон ҳавопаймои бесарнишини истифода набурд, ки ин то куҷо ҳақиқат доштани хабари дар Душанбе ба кор даромадани корхонаи муштараки тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эрониро зери шубҳа бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button