ВарзишВидео

ТО РОҲ ЁФТАНИ САМАНДАР БА UFC ЯК ҚАДАМИ ДИГАР МОНДААСТ (ВИДЕО)

Размандаи ҷавону ояндадори тоҷик Самандар Муродов рӯзи 23-юми октябри соли 2022 дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб дар чорчӯби мусобиқоти “Road to UFC” (“Роҳ ба сӯи UFC”)  барои даст ёфтан ба роҳхат ба лигаи UFC, лигаи аз ҳама муътабар дар варзиши ММА вориди муҳориба мешавад. Самандар Муродов, ки то имрӯз 7 маротиба ба майдон баромада ва ягон бор шикаст нахӯрдааст ва дар 4 рақобат пеш аз муҳлат ғалаба ба даст овардааст, дар Аӯ Забӣ бо Ҷиан Сикуэйра аз Бразилия вориди рақобат хоҳад шуд. Сикуэйра  рақиби пуртаҷриба ба шумор меравад: Ӯ то имрӯз 18 пирӯзӣ ба даст оварда, дар 4 набард шикаст хӯрдааст.

Коршиноси варзиш Эргаш Охиров менависад, пирӯзӣ бар Сикуэйра роҳи Самандарро ба UFC боз мекунад: Самандар дар корномаи варзишии худ 7 рақобати бидуни бохт дорад. Аз худ тактикаи хуби муҳорибаро доим ба намоиш мегузорад. Ҳаводорон ва мухлисонаш аз ахлоқи нек ва фурӯтанию хоксорияш ҳамеша истиқбол мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, доимо бо сари баланд аз номи Тоҷикистон бо парчами муқаддаси он баромад намуда, бо ифтихор аз тоҷик будани худ ҳарф мезанад. Дар сурати пирӯзӣ Самандар дар созмони UFC баромад мекунад! Самандар баъд аз Нурулло Алиев дуюмин тоҷики боғурур аст, ки баҳри роҳёбӣ ба ташкилоти варзишии UFC талош дорад. Умедворем, ки Самандар дар ин сабқат дастболо мешавад”.

Нурулло Алиев, маъруф ба , ки ӯро ба сабаби шабоҳати зиёдаш бо варзишгари машҳури доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов “дугоники Ҳабиб” низ ном мебаранд, моҳи сентябри соли ҷорӣ нахустин нафар аз Тоҷикистон  ва дуюмин тоҷике шуд, ки бо UFC қарордод баст. Аввалин шуда бо UFC тоҷики зодаи Самарқанд Заррух Адашев қарордод имзо карда буд.

Рӯзи 14 октябри соли 2022 Муин Ғафуров, маъруф бо лақаби “Муин-Тоҷик”, боз як варзишгари дигар аз Тоҷикистон тавонист камарбанди чемпиони лигаи «Legacy Fighting Alliance» (LFA) дар вазни аз ҳама сабукро ба даст биорад.  Ин камарбанд роҳи Муинро низ ба сӯи UFC боз кард, чунки ҳамаи чемпионҳои LFA метавонанд ба UFC гузаранд.

Самандар Муродов ва Нурулло Алиев рӯзи 17 сентябр дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуданд. Дар он мусобиқа дар рақобати ниҳоӣ бо Максим Шветс дар даври сеюми набард китфи рости Самандар баромад ва  аз китфаш овезон шуда буд, вале паҳлавони тоҷик бо вуҷуди чунин сахт лат хӯрданаш бо як даст набардро идома дод ва дар даври чорум ҳтто рақибашро ба нокаути фаннӣ фиристод ва пирӯзиро ба даст овард.

Барои дарёфти медали қаҳрамонӣ Нурулло Алиев футболка бо акси падари Ҳабиб ба саҳна баромад, вале Самандар Муродов футболка бо акси Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъудро пӯшида, мухлисонашро боз ҳам бештар ба ваҷд овард.

Баъди бозгашташон ба Тоҷикистон, соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ ба Самандар Муродов  ва Нурулло Алиев барои пирӯзиашон дар он мусобиқа мошинҳои тамғаи “Мерседес” туҳфа карда буд.  Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки чӣ гуна Самандар пушти фармони ин мошини рангаш сиёҳ мешинад ва онро ба ҳаракат медарорад. Дар пасманзар садои як наврас ба гӯш мерасад, ки мегӯяд, “Самандар права дошта бошад?”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button