ВидеоМуҳоҷирон

ТАЛАБИ 10 СОЛИ ЗИНДОН БА УМЕДҶОН ҶАББОРОВ БАРОИ ҒОРАТИ 100 МИЛЛИОН РУБЛ АЗ ҲАМСАРИ ОВОЗХОНИ РУС ГРАДСКИЙ

Рӯзи 14 октябри соли 2022 дар додгоҳи шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскави Русия айбдоркунандаи давлатӣ барои шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Умедҷон Ҷабборов ҳамчун ҷазо 10 соли зиндон талаб кард. Ин зодаи ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич ба ғорати 100 миллион рубл пули нақд аз ҳамсари овозхони марҳуми рус Александр Градский айбдор мешавад.  Худи Ҷабборов ба додгоҳ гуфтааст, ки шарикони дигараш ӯро ҳам “мисли як лох” фиреб додаанд. Аммо гумон аст, ки додгоҳ ба ин иддао бовар кунад, чунки Ҷабборов қаблан баёнот дод, ки яке аз шариконаш ду сол пеш ҳам Градскийро, ки он вақт зинда буд, ғорат карда будааст. Вале овозхон он вақт аз тарси ҷони зану фарзандони хурдсолаш ба пулис шикоят накардааст.  Ҳамсари Градский Марина Градская (қаблан Коташенко) рӯзи 16 январи соли 2022, ду моҳ баъди марги шавҳараш дар наздики хонаашон дар ноҳияи Наро-Фоминск мавриди ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифт ва онҳоро ба хонааш бурда, 100 миллион рубл бароварда дод. Умедҷон Ҷабборовро, ки то марзи Русия бо Қазоқистон рафт, вале тарки Русия карда натавонист, ҳафтае баъд бо кумаки дастгоҳи қаворашинос дар як истгоҳи метрои Маскав  дастгир карданд. Ғоратгарони дигар баъди тақсими “ғанимат” –бузурги бадастовардаашон аз Русия фирор карданд. Тафтишот бар ин бовар аст, ки онҳо дар Тоҷикистон пинҳон шудаанд. Интизор меравад, додгоҳ ҳукмашро рӯзи 17 октябр эълон кунад.

Нашрияи БизнесФМ.РУ хабар дод, ки рӯзи ҷумъа, 14 октябри соли 2022 дар додгоҳи Наро-Фоминск  дар мурофиаи парвандаи Умедҷон Ҷабборов, ягона нафари дастгиршуда дар парвандаи ғорати 100 миллион рубли ҳамсари овозхони марҳум Александр Градский Марина Градская (қаблан Коташенко) назари тарафҳоро шунидаанд.  Ин ҷаласа ҳамагӣ ним соат давом кардааст.

Айбдоркунанда дар суханронии хеле кӯтоҳаш аз додгоҳ хостааст, ки Ҷабборовро, ки қаблан ҳам суд шуда буд, ба 10 соли зиндон маҳкум кунанд. Намояндаи додситонӣ гуфтааст, тафтишот гунаҳкор будани Ҷабборовро бар асоси қисми чоруми моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия дар роҳзанӣ ба маблағи хеле бузург аз ҷониби гуруҳи муташаккил пурра исбот кард. Ҳадди аксари ҷазо бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон аст.

Худи Ҷабборов аз додгоҳ хостааст, ки ӯро танҳо барои иштирок дар ба ном “автоподстава” (ташкили садамаи барқасдона бо мақсади аз ронандаи дигар бо таҳдиду зӯрӣ рӯёндани маблағ) ҷалб карда буданд ва ӯ намедонист, ки шариконаш дар асл нақшаи ғорати маблағи бузургро аз ҳамсари Градский кашидаанд.

Аммо, гузориш медиҳад хабарнигори БизнесФМ.РУ аз додгоҳ, гумон аст, ки додрас ба ин тавҷеҳи Ҷабборов бовар кунад, чунки ӯ дар ҷараёни тафтишот баёнот додааст, ки яке аз шариконаш ду сол пеш алакай як дафъа Градскийро ғорат карда будааст. Он вайт овозхонро дар манзилаш дар Маскав латтукӯб карда, маҷбур кардаанд, ки сейфашро кушода, пулҳояшро бароварда диҳад.  Градский он вақт ба пулис хабар надодааст, чунки ӯро тарсондаанд, ки агар ба пулис муроҷиат кунад, ба зану фарзандони хурдсолаш зарар мерасонанд.

Вакили мудофеи Ҷабборов  Игор Чевичалов аз додгоҳ хост, аъмоли нафари таҳти ҳимояташро бар асоси қисми сеюми моддаи 161 ҳамчун ғоратгарӣ арзёбӣ кунанд. Ҷазо барои ин назар ба роҳзанӣ сабуктар аст: аз 6 то 12 соли зиндон. Адвокат ба он нукта таъкид кардааст, ки он рӯз дар ҳузури Ҷабборов касе ҳамсари Градскийро назадааст ва таҳдид накардааст. Ба гуфтаи ӯ, нақши Ҷабборов дар ин ҳамла танҳо бо ташкили садамаи бардурӯғ маҳдуд мешуд ва “ӯ бо мошини “Мерседес” ба қисмати қафои “Лексус”-и Градская бояд бармехӯрд, ки ӯ танҳо ҳамин корро анҷом дод. Ӯ ҳамроҳи дигарон ба хонаи Градская нарафта буд ва намедонад, ки онҷо чӣ гузашт?”

Худи Марина Градская, ки рӯзи 23 август дар мурофиаи аввал иштирок дошт, ин дафъа ба додгоҳ наомад. Вале адвокати ӯ Андрей Егоров гуфт, ҳарчанд Умедҷон Ҷабборов ҳоло мехоҳад нақшашро дар он ҳамла хурд нишон бидидад, дар асл яке аз нақшҳои асосиро иҷро карда буд.

Инки гӯё вай танҳо садамаи бардурӯғ ташкил кардааст ва аз дигар нақшаҳои шариконаш хабар надошт,  ба ҷуз аз кӯшиши фирор аз ҷавобгарӣ ва гӯл задани додгоҳ чизи дигаре нест”, — изҳор дошт адвокати тарафи ҷабрдида. Ӯ ҳамчунин аз додгоҳ хост, ки даъвои ҷабрдида дар бораи ба ӯ баргардондани  99 миллион 170 ҳазор рубл пули аз вай ба яғмо бурда ва бар илова, боз 5 миллион рубл ҳамчун товони маънавиро низ қонеъ бисозад. Егоров гуфт, Умедҷон Ҷабборов ба гуноҳи худ эътироф накард, бахшиш напурсид ва то имрӯз барои барқарор кардани зарари ба Марина Градская расондааш ягон чора наандешидааст. Албатта, ин суол ҳам дар зеҳн пайдо мешавад, ки оё Умедҷон Ҷабборов, ки барои иштирокаш дар он ҳамлаи ғоратгарона 2 миллион рубл “ҳаққи хидмат” гирифта буд, аз куҷо метавонад 100 миллион рублро ба ҳамсари Градский баргардонад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button