ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

КУШТА ШУДАНИ 11 САРБОЗИ РУС ДАР ЯК МАШҚГОҲ ДАР НАЗДИКИИ МАРЗ БО УКРАИНА

Вазорати мудофиаи Русия  шаби шанбе, 15 октябри соли 2022 хабар дод, ки шоми 15 октябрдар як машқгоҳ ё полигон дар ҳудуди вилояти Белгород ҳангоми машқи тирандозӣ “ду шаҳрванди яке аз кишварҳои СНГ” ба тарафи даъватшудагони дигар тирандозӣ кардаанд ва дар натиҷа, 11 нафар кушта шуда, 15 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.   “Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҳарду террорист кушта шуданд “, – нақли қавл кардааст аз хабари вазоарти мудофиаи Русия хабаргузории русии Интерфакс.

Вазорати мудофиаи Русия бидуни овардани ҷузъиёти зиёд ин куштори гуруҳиро “ҳамлаи террористӣ” ва ҳамлагаронро “ду шаҳрванди яке аз кишварҳои СНГ” номид. Вале ин вазорат нагуфтааст, ки агар ҳамлагарон шаҳрвандони кишвари дигари ҳатто узви СНГ бошанд, чӣ гуна ба саффаи қувваҳои мусаллаҳи Русия даъват шуда, ба полигони артиши ин кишвар роҳ ёфтаанд* Бархе пойгоҳҳои хабарии Русия бо истинод ба манобеи худ ин ду нафарро “зодагони Осиёи Марказӣ” ва ҳатто “зодагони Тоҷикистон” ном бурдаанд, вале тасдиқи расмие дар ин бора то ин соат ба даст наомадааст.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори украинӣ Анатолий Шарий чанд видеову акс аз ҷои ҳодиса ва ҳамчунин акси парвандаи шахсии яке аз гумонбаршавандагон бо номи Аминзода Эҳсони Тоҷиддинро нашр карда, навиштааст, бино ба иттилои ӯ, ҳамлагарон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, тирандозӣ шоми шанбе дар яке аз машқгоҳҳои ҳавзаи ғарбии артиши Русия рух додааст. Пойгоҳҳои хабарии Руси хабар доданд, ки  ин ҳодиса дар машқгоҳе дар наздикии деҳаи Солотии ноҳияи Валуйи вилояти Белгород сурат гирифтааст. Солоти дар тақрибан 150-километрии ҷанубушарқи шаҳри Белгород ва ҳамагӣ 44-километрии марзи Русия бо вилояти Харкови Украина ҷойгир шудааст. Дар ин машқгоҳ сарбозони дар чорчӯби мобилизатсия даъватшударо барои интиқоли баъдӣ ба ҷанг ё “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украина омода мекарданд.

Вазорати мудофиаи Русия ин ҳодисаро “амали террористӣ” меномад, вале дар ин робита ягон далел намеорад. Дар хабари вазорат гуфта мешавад ки: “Ҳангоми гузарондани машқҳои тирандозӣ бо нафароне, ки ба таври ихтиёрӣ мехостанд дар амалиёти махсуси ҳарбӣ иштирок кунанд, террористҳо аз силоҳҳои оташандоз ба тарафи ҳайъати шахсии воҳиди ҳарбӣ тиран андохтанд. Дар натиҷа 11 нафар ҷароҳатҳои ҳалокатбор бардоштанд. 15 нафари дигарро бо ҷароҳатҳои мухталиф ба муассисаи тиббӣ интиқол доданд ва ба онҳо тамоми кумаки зарурӣ расонда мешавад. Дар ҷои ҳодиса мақомоти тафтишотӣ кор мекунанд”.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимояти сокинони Донбасс ба Украина ҳамла оварда, дар рӯзҳову ҳафтаҳои аввал твонист як қисмати бузурги қаламрави шарқ ва ҷануби Украинаро ишғол кунад. Вале дар ҳафтаҳои охир таносуби нирӯҳо дар ҷабҳаҳои ҷанги Украина иваз шуд ва артиши Украина тавонист бисёре аз шаҳру ноҳияву деҳаҳои қаблан аз сӯи Русия ишғолшударо пас бигирад. 21 сентябри соли 2022 президенти Русия Владимир Путин дар пасманзари ақибнишинии нирӯҳояш маҷбур шуд, фармони мобилизатсия ё басиҷсозиро имзо кунад, ки бар асоси он, қарор аст, то 300 ҳазор нафар барои интиқоли баъдӣ ба ҷанги Украина ба хидмат даъват шаванд.

То имрӯз алакай дар бораи басиҷ шудани беш аз 200 ҳазор нафар, аз ҷумла дар бораи ба хидмати ҳарбӣ даъват шудани даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, хабарҳо ба даст расидаанд.

Ҷанги Украина, бино ба ҳисобҳо, алакай беш аз 30 ҳазор кушта ба ҷо гузоштаанд. Талафоти ҳарду ҷониб: Русия ва Украина дар ин ҷанг тақрибан баробар аст. То имрӯз дар бораи дар Украина ҳалок шудани беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон низ хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳо ба сурати қарордодӣ дар артиши Русия хидмат мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button