ВидеоМуҳоҷирон

МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БАРОИ ИВАЗ КАРДАНИ НОМУС НАСАБАШ 1 СОЛУ 8 МОҲ ЗИНДОН КАРДАНД

Додгоҳи ноҳияи Қазони вилояти Тюмен дар шимоли Русия як шаҳрванди 47-солаи Тоҷикистонро  бо ҷурми убури ғайриқонунии марзҳои Русия ба як солу 8 моҳи маҳбаси низомаш сангин маҳкум кардааст.  Додситонии вилояти Тюмен рӯзи 14 октябри соли 2022 дар Телеграм-каналаш ҳамчунин хабар дод, ки додгоҳ муҳоҷири тоҷикро 15 ҳазор рубл ҷарима ҳам бастааст. Додситонӣ гуфт, ин муҳоҷири тоҷик соли 2016 аз Русия берун карда шуда, то соли 2021 ҳаққи бозгашт надошт, вале ӯ ному насаби худро иваз карда, 4 маротиба ғайриқонунӣ боз ба Русия омадааст.

Додгоҳ шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси қисми дуюми моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Русия дар убури марзи ин кишвар аз ҷониби шаҳрванди хориҷие, ки вурудаш ба Русия мамнӯъ буд, гунаҳкор шинохт. Ҳадди аксари ҷазо тибқи ин банди Кодекси ҷиноятии Русия то 4 соли зиндон аст.

Назари худи муҳоҷири тоҷик дастрас нест, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин муҳоҷири тоҷик соли 2016 бар асоси қисми ч. 1.1  моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия барои вайрон кардани қоидаҳои будубош аз Русия ихроҷ гардида, барои 5 сол аз ҳаққи убури марзи ин кишвар маҳрум карда шудааст.

Вале “шаҳрванди Тоҷикистон бар хилофи қарори додгоҳ,  аз қабл нишондодҳои худро дар шиносномааш тағйир дода, як дафъа моҳи декабри соли 2016 ва се маротибаи дигар дар соли 2017 аз Қазоқистон ғайриқонунӣ марзҳои Русияро убур кардааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонии Тюмен.

Ҳукми ин муҳоҷири тоҷик ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Ноҳияи Қазон бо тақрибан 21 ҳазор аҳолӣ дар байни ҷангалу даштҳои бекарони Сибир дар соҳили дарёҳои Ишим ва Алабуга  дар тақрибан 350-километрии ҷанубушарқи шаҳри Тюмен, 370-километрии шимолу шарқи шаҳри Омск ва дар фосилаи ҳамагӣ 25 километр аз марзи Русия бо Қазоқистон ҷойгир шудааст.

Дар солҳои қаблӣ мақомоти Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро бе пушт-пушт аз ин кишвар ихроҷ карда, ба шиносномаҳояш муҳри “запрет” мезаданд. Як вақтҳо шумори шаҳрвандони тоҷике, ки ба муҳлати 3, 5, 10 сол ва аз он ҳам бештар аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум гардида буданд, аз 300 ҳазор нафар ҳам гузашта буд.

Дар шароити Тоҷикистон, ки бекории саросарӣ ҳукмфармост ва манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо аз ҳисоби мардикорӣ дар Русия аст, муҳри “запрет” гирифтани ҳар муҳоҷир ба маънои аз манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як оила аст.

Аз ин рӯ бархе муҳоҷирон маҷбур мешуданд, ки ба ҳар қимате, аз ҷумла тавассути иваз кардани ному насаб ва дигар нишондиҳандаҳои худ ва гирифтани шиносномаи нав, таваккал карда, боз ба Русия баргарданд. Дар солҳои охир дар Русия даҳҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо чунин шева мехостанд аз “запрет” сарфи назар кунанд, дастгир ва зиндонӣ карда шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button