Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ҶАМОАТИ ВАТАНИ НОҲИЯИ ФАРХОР 5 ХОНА ЗЕРИ ОБ МОНДААНД (3 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар ҷануби кишвар як мавриди аз соҳилҳояш берун баромадани оби канал ва дар натиҷаи ин офат, зери об мондани хонаҳо сабт шудааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шоми 13 октябр, тақрибан соати 19:40, ба сабаби боло рафтани сатҳи об дар канали деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор об аз соҳилҳои ин канал берун баромада, болои хонаҳои мардум фурӯ рехт. Дар натиҷаи ин офат, 5 хонаи сокинони деҳаи Ҳақиқат қисман зарар дидаанд.

Кумити ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, касе дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Барои ҷилавгирӣ аз идома фурӯрезии оби канал дар маконҳои хуруҷи об бо халтаҳои рег садҳои муваққатӣ дуруст кардаанд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Фархор ба кор пардохтааст ва рафъи оқибатҳои ин ҳодисаи фавқулодда идома дорад.

Тоҷикистон ҳар сол бар асари офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои фавқулодда ба маблағи даҳҳо миллион сомонӣ зарар мебинад. Ин ҳодисаҳо ҳамин тавр боиси ҳалокати сокинон мешаванд.

Аз ҷумла, ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 606 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳаводис  ба иқтисоди кишвар 15 млн 583 ҳазору 300 сомонӣ зарар расида, 8 нафар ҷон бохтаанд. Соли 2021 дар Тоҷикистон 359 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рӯй дода, сабаби марги 42 нафар  шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button