ВидеоҲуқуқи инсон

АДВОКАТИ ПИРМУҲАММАДЗОДА: “АБДУСАТТОР ШИКАНҶАРО РАД ВА ХУДРО ГУНАҲКОР ЭЪТИРОФ КАРД”

Муаллиф: Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Қаблан наздикони рӯзноманигор гуфта буданд, ки ӯ зери шиканҷа гуноҳро иқрор шудааст.

Муҳаббатшоҳ Баллаев, адвокат ё вакили дифои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик рӯзи 13-уми октябри соли 2022, пас аз шиносоӣ бо парванда ва мулоқот бо зерҳимояаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ба рӯзноманигорон гуфт: “Имрӯз бо парванда шинос шудем. Абдусаттор хабарҳо дар бораи фишору шиканҷа шуданашро рад кард. Ӯ дар асоси моддаи 307 қисми 1 худро пурра гунаҳкор эътироф кард ва гуфт, ки ин эътироф дар пайи шиканҷа нест”.

Ҳамчунин, адвокати Пирмуҳаммадзода таъкид намудааст, ки имрӯз парванда баррасӣ нашуда, танҳо шиносоӣ бо парванда будааст.

Ҳамин тавр, мурофиаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба рӯзи дигар гузошта шудаву санаи дақиқи баргузории он маълум нест.

Қаблан наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.

Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, аз мушкилоти рӯзмарраи худ шикоят намуд. Дар он навор ӯ гуфт, ки чанд сол дар радиои давлатӣ ба ҳайси журналист кор кардаву бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардааст ва акнун ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад. Абдусаттор шикоят дошт, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард ва миёни мардум шӯҳрат пайдо намуд.

Чанде баъд аз ин бо пок кардани тамоми наворҳои хеш аз саҳифаҳои иҷтимоияш, Пирмуҳаммадзода эълон намуд, ки кори блогериро қатъ мекунад.

Ӯ дар як мусоҳибаи худ ба расонае гуфт, ки барои фаъолиятҳояш бархе “бузи ҳукумат” гуфтаанд, бархе “хоини миллат” ва бо ҳамин канор рафтани худро аз фазои иҷтимоӣ эълон намуд.

Аммо дертар дубора ба фаъолияти блогерӣ баргашт ва пас аз боздошти Далеру Абдуллоҳ дар моҳи июни соли 2022 аз камтарин рӯзноманигороне буд, ки ба ҳимояи ин журналистон боҷуръатона садо баланд кард.

Пас аз чанде, дар аввалҳои моҳи июли соли 2022 аввал барои чанд соат боздошт ва бо эълони “охирин огоҳӣ” озод гардид. Вале бо гузашти чанд рӯз Абдусаттор дубора боздошт ва алайҳи ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) айб эълон карда шуд.

Манбаъ: Аsia Рlus

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button