ВидеоҲуқуқи инсон

ВИДЕО +18: НАВОРИ ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ КӮДАКИ ХУРДСОЛ ҲАМАРО БА ДАҲШАТ ОВАРД

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет видеое нашр шудааст, ки дар он лаҳзаҳои як кӯдаки хурдсоли зоҳиран се ило чорсоларо бераҳмона латтукӯб кардани як марди миёнасоли мӯшҳояш мошубиринҷ бо ришу мӯйлаби кӯтоҳ сабт шудааст.

Кӣ будани ин мард ва кӣ шудани ӯ ба он кӯдаки бечора маълум нест, вале дар видеое,  ки қисмати аввалаш тавассути видеокамераҳои назоратӣ сабт шудааст, дида мешавад, ки ин мард аввал кӯдакро дар як гӯшаи хилват бераҳмона латтукӯб мекунад ва сипас аз як дасташ кӯдакро боло бардошта, бидуни андешаи он ки дардаш медиҳад, ӯро ҳамчунон роҳ ба роҳ зада-за то ба пеши мошинаш  меорад ва инҷо ҳам кӯдакро бо зарда ва бе ягон тараҳҳум ба бордон (багажник) мепартояд.  Мард ба латтукӯби кӯдак дар дохили бордони мошин ҳам идома медиҳад ва як ҷавоне, ки чеҳрааш наменамояд, дигар тоқат накарда, телефонаш дар даст ба пеши ин марди бераҳм меояд ва бо ӯ ҷанҷол мекунад, ки чаро кӯдаки бечораро зада истодааст? Он мард мегӯяд, ки кӯдак эзорашро ҷазир карда буд ва барои ҳамин, ӯро задааст.

Ҷавон аз гиребони мард мегирад ва мегӯяд, медонӣ, ки барои ин метавонанд ба ҷавобгарӣ бикашандат? Вале мард ба ҳарфҳои ӯ эътиборе намедиҳад.

Ин ҳама муддат садои гиряи кӯдак ба гӯш меояд ва ӯ чанд дафъа ба дурбини камера ҳам меафтад, ки чашмону рухсораҳояш аз ашк тар шудааст ва беист мегиряд.

Ҷавоне, ки идомаи ин ҳодисаро алакай бо камераи телефонаш ба навор мегирифт, рангу тамға рақами мошини он мардро ҳам сабт мекунад:  Мошини сабукрави “Тойота”-и рангаш сафед ва рақами қайди давлатиаш 9005МА01.

Дар куҷо сабт шудани ин видео дақиқ нест, вале тавре ба назар мерасад, ҳодиса дар Душанбе ва ё атрофи он рӯй додааст. Аз сабти видеокамераҳои назоратӣ дида мешавад, ки ҳодиса 10 октябри соли 2022, байни соатҳои 11:20 то 11:30 рӯй додааст.

Бисёриҳо дар зери ин видео аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб кардаанд, ки ин мардро, ҳатто агар падари он кӯдак бошад, пайдо карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашанд.

Қонунгузории Тоҷикистон барои азобу уқубати кӯдак метавонад ҳатто падару модари ӯро ба ҷавобгарӣ бикашад. Моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои азобу уқубати кӯдак ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Барои чунин амал бар асоси Кодекси оила  дар Тоҷикистон волидонро метавонанд аз ҳаққи падару модарӣ ҳам маҳрум карда, тифлашро ба ятимхона бисупоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button