ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

“ПАРАНДИ СОЯҲО” – МАҶМӮАИ ҒАЗАЛҲОИ ИСФАНДИЁРИ НАЗАР – ДАР КОБУЛ НАШР МЕШАВАД

Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон “Паранди сояҳо” – маҷмӯъаи ғазалҳои то ҳол дар шакли китоб чопношудаи шоири тоҷик Исфандиёри Назар “Паранди сояҳо” – маҷмӯъаи он ғазалҳои Исфандиёри Назар зери таҳрири шоир ва пажуҳишгар Исмоъили Лашкарӣ ба дасти чоп супурда шудааст ва бояд ба зудӣ ба дасти хонандагон бирасад.

Дар ин бора дар Фейсбук худи мураттиби китоб Исмоъили Лашкарӣ  хабар дод. Ӯ менависад, ки китоби нави Исфандиёр зери таҳрири ӯ ва аз нишонии “Гурӯҳи фарҳангии ҳамзабонон” ба дасти чоп рафтааст.

“Барои шоири хушқариҳа Исфандиёри Назар ва тамомии тоҷикони ду кишвар муборак бод мегӯям. Баъди дафтарҳои шеърии “Парандаҳои махмалӣ” (Гулнози Тоҳириён) ва ” Захмҳои шукуфта” (Фирдавси Аъзам) ин севумин дафтари шеъри муосири Тоҷикистон ҳаст, ки бо талошу муҳарририи ман аз чоп хоҳад баромад”, навиштааст Лашкарӣ.

Ӯ меафзояд, “Паранди сояҳо” дувумин маҷмӯъаи Исфандиёри Назар аст, ки дар Кобул ба чоп мерасад. Дафтаре шомили 250 рубоиву дубайтӣ аз ӯ зери унвони ” Ҳамхуни Деваштич” дар соли 2010 аз сӯи “Матбаъаи маслакии афғон” нашр шуда буд буд.

Исфандиёри Назар 25-уми ноябри соли 1971 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ба дунё омада, соли 1996 риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Аввалин маҷмӯи ашъори Исфандиёри Назар ҳанӯз дар замони донишҷӯияш бо номи “Руҷӯи Исфандиёр” соли 1993 нашр шуда буд.

Солҳои баъд, маҷмӯаҳои шеърии “Маро супору бирав”, “Як соқа ребос”, “Ёдгори хуну хокистар”, “Аз маъбари тӯфон”, “Эй шеър”, “Ҳамхуни Деваштич”, маҷмӯаҳои насрии “Пули ҳаром”, “Тӯмори хунин”, “Нахл дар мурдоб” аз Исфандиёри Назар ба дасти хонандагон расид.

Моҳи марти соли 2022 дар Теҳрон китоби ашъори Исфандиёри Назар таҳти унвони “Парандаҳо дурӯғ намегӯянд” аз сӯи нашриёти “Туранҷистон” дар 170 сафҳа чоп шуд. Дар ин китоб  намунаҳое аз ашъори кӯтоҳ ва ҳойкувораҳои шоир гирдоварӣ шудааст.

Исфандиёри Назар чандин сол дар нашрияҳои “Ҳамроз”, “Сипар”, “ИмрӯзNews” ва “Дишидак” кор кардааст.

Аз соли 2016 дар Олмон ба сар мебарад. Соҳиби 3 фарзанд аст.

Исфандиёри Назар бо онки яке аз шоирони матраҳи адабиёти имрӯзаи тоҷик аст, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button